ЗАМИНАГУЗОРИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР
2022-11-15
Иҷлосияи
XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон
бузургтарин воқеае маҳсуб меёбад, ки ба тақдиру сарнавишти минбаъдаи миллат
рабти ногусастанӣ дорад. Зеро ин марҳилаи таърихӣ заминагузори аслии рушду
нумуи минбаъдаи кишвар ва зиндагии осоиштаи мардуми тоҷик дониста мешавад.
Ин
санаи муҳимми таърихӣ барои ҳар хонадони тоҷик, санаи саъди тақдирсозу
наҷотбахш маънидод мегардад, зеро ин падидаи муҳим халқи тоҷикро аз оташи ҷанг
наҷот дода, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва
барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ
намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ
пояи мустаҳкам гузошт.
Муҳиммияти
дигар он аст, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо мақсади хотима додан ба ҷанги
дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ, харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии
давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории гурӯҳҳои гуногун,
ташкилотҳои ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими
кулли мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳамон
рӯзҳои мушкилу муҳим як қатор чараандешиҳо намуда, аз ҷумла қарор кард, ки
ҳамаи шахсони дар низоъҳои дохилӣ ширкатдошта ва мусаллаҳ, ки ҷиноят ё амалҳои
ғайриқонунӣ содир кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида
нашаванд. Чунин сиёсат бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии
кишвар буд, ки он барои ҳарчӣ зудтар ба сулҳи комил ноил гардидани кишвари
маҳбубамон мусоидат намуд.
Дар Иҷлосия
ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ
Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори
фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта,
Артиши Миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти гурезаҳо ва
муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар
ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.
Сарвари
давлат ҳамон давра бо як олам ихлосу муҳаббат ба мардуми шарифи кишвар изҳор
дошта буданд, ки “мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем,
артишро созмон дода, кормандони ҳифзи тартиботу ҳуқуқ, Кумитаи амнияти миллӣ,
дигар сохторҳои муҳими давлатиро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худро
муҳофизат ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише
надорад”.
Бо
туфайли Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон
тағйироти куллӣ ба амал омад. Мамлакати азияткашида аз гирдоби ҷанги пурдаҳшати
таҳмилӣ марҳила ба марҳила бурун омада, бо роҳи осоиштаи зиндагӣ ва бунёдкорӣ
қадам ниҳод, пешрафт ва инкишофи соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеаро дар мадди аввал
гузошта, барои амалӣ намудани ин иқдомҳо саъю талошҳо равона гардид.
Дар
ин васила метавон гуфт, ки дар таърихи беш аз ҳазорсолаи халқи тоҷик давраи
нави гузариш оғоз ёфт. Ҳалли масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва
иқтисодиву маънавӣ дар кишвар тадриҷан роҳи худро пайдо намуданд.
Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуд, барои амалӣ
намудани барномаҳои муҳими иқтисодӣ, сохтмонҳои бузурги аҳамияти
бйналмилалидошта шароит фароҳам оварда шуд, гузаронидани маъракаҳои муҳими
ҷамъиятию сиёсиро имконпазир сохта, боиси Ваҳдати воқеии халқҳои Тоҷикистон
гардид.
Мардуми
тоҷик дирӯзу имрӯз ва фардои Истиқлоли воқеии кишвар ва рушди бомароми
Тоҷикистони азизро мудом ба Иҷлосияи тақдирсози тоҷикон ва хизматҳои бемисли
фарзофарзанди ин сарзамин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд медонад ва
шӯълаи ин ихлоси мардумӣ садсолаҳои минбаъда низ бо тобиши нав дурахшон
мемонад.
Баҳронова
Нуриниссо, вакили Маҷлиси
вакилони
халқи шаҳри Душанбе,
Раиси
ташкилоти ибтидоии “Ватандуст”