Озмуни расмкашӣ бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон

2024-04-15

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилояти Суғд бахшида Рӯзи кайҳоннавардон озмуни расмкашӣ дар рӯйи замин байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Озмуни мазкур дар саҳни Муассисаи давлатию фарҳангии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ гузаронида шуд, зеро ки Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ низ яке аз саҳмгузорони рушди нуҷумшиносӣ ба ҳисоб меравад.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Пӯлотова, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, мудири шуъбаи ҷавонони кумитаи иҷроияи вилояти Суғд Парвиз Салоҳиддинов иштирок ва баромад карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 1961 инҷониб 12 апрел дар тамоми дунё чун санаи муҳим ҷашн гирифта мешавад. 63 сол қабл, дар ин рӯз кайҳоннаварди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» Заминро аз рӯи мадор давр зада, ба давраи кайҳоннавардии таърихи башар оғоз ниҳод. Имрӯз тараққиёти илму техникаи муосир бо суръати баландтарин пеш меравад. Ин рушдро бе омӯзиш ва истифодаи кайҳон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҷараёнҳои мазкур бо мақсадҳои осоишта ва сулҳҷӯёна ба роҳ монда шудаанд. Вобаста ба ин манфиатдории башарият дар тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсади баланд бардоштани тамаддуни башарӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии ҷомеаи ҷаҳонӣ равона карда шудааст.

Бояд қайд, ки истифодаи моҳвораҳои махсуси фазои кайҳон барои якчанд сохторҳо низ хеле зарур мебошанд. Алалхусус, барои пешгӯӣ ва назорати ҳодисаҳои фавқулодда, аз ҷумла тармафароӣ, селҳо, сӯхтор ва ғайра саҳми омӯзиш ва истифодаи фазои кайҳон беназир аст. Мониторинги заминҷунбиҳо бо воситаи моҳвораҳои кайҳонӣ ва коркарди усулҳову аломатҳои пешгӯии заминҷунбӣ бе кайҳон ғайриимкон мебошад. Дар ҷамъбасти озмун ғолибон муайян гардида, бо диплом ва туҳфаҳои кумитаи иҷроияи шаҳрӣ сарфароз гардиданд. Ҳамчунин якчанд нафар иштирокчиён фаъол низ бо сипоснома ва туҳфаҳо қадоршиносӣ карда шуданд.

Баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуда, бо ҳамин чорабинӣ анҷом ёфт