Парчам нишони ҳуввияти миллӣ ва номуси ватандорист
2023-11-20
Дар тамоми давру замон
парчам нишони мустақилият ва давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, парчам
дар қатори нишон ва суруди миллӣ рамзи муқаддас ва асосии давлат, яъне
соҳибистиқлолии миллат аст. Парчами Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати
соҳибистиқлол, соҳибихтиёр дар кишвари мо ва дигар мамлакатҳо, ки парчамашон
партавафшонӣ мекунад, аз мавҷудияти кишвари соҳибистиқлолу озод дарак медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боифтихор таъкид намуда буданд, ки «Мо бо парчами
давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як ватандӯсту
ватанпараст муқаддас аст». Дар ҷойи дигар аз суннат ва ойини парчамдории
халқамон сухан ба миён оварда, рӯ ба таърих ниҳода, гуфта буданд, ки «Халқи
тоҷик аз замонҳои қадим то даврони
навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи
ҳуввияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад. Ойини парчамдории мо ба
сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз
омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии
сокинони мамлакат мебошад». Воқеан парчам, нишон, суруди миллӣ ва ҳамагуна
рамзҳои давлатӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд муқаддас ва азиз бошад.
Пос доштани муқаддасот
қарзи шаҳрвандӣ ва руҳу равонии ҳар яки мо дар зиндагист. Парчам сари баланд ва
бовиқори ҳар яки мост. Парчами миллӣ дар замони муоссир ин ифтихор аз дирӯзу
имрӯзу фардои миллати куҳанбунёди мост. Ифтихор аз парчам ин ифтихор аз давлати
соҳибистиқлоли худ аст.
Арҷгузорӣ ба парчами
миллӣ ин арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллист, зиёда аз ин арҷгузорӣ ба
миллату давлат аст. Таъкид ба ёдоварист, ки яке аз давлатҳои қадимтарин ин
давлати тоҷикон аст ва парчам ҳамоҳанги зиндагии тоҷикон дар масири таърих
будааст…
Парчам ва ё худ
байрақ, алам, роят, ливо, дирафш матои якранга ва ё бисёрранга мебошад, ки
нишони махсус дорад, яъне, як тарафи он бо чубдаста часпонда мешавад. Мувофиқи
тафсири фарҳангномаи «Ғиёс-ул-луғот», ки соли 1827 аз ҷониби луғатнавис ва
донишманди машҳури тоҷик Ғиёсиддин Муҳаммад таълиф ёфта буд, парчам чизест, ки
аз абрешими сиёҳ тайёр
сохта, бар сари алам банданд. Ё худ ба маънои мӯи думи гови кӯҳӣ (қӯтос,
ғажгов) бошад. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» омадааст, ки парчам ин пупаки абрешимӣ,
мӯӣ ё думи гови кӯҳӣ, ки ба нӯги байрақ мебастанд. Яъне, парчам, алам ё худ
байрақ дар фарҳанги мо он замонҳои қадим маълуму машҳур буда, имрӯз акнун
ҳамчун рамзи давлатӣ истифода мешавад. Халқи тоҷик дар масири таърих парчами
бисёр гуногуне доштанд. Бино ба ривояту ёдгориҳои таърихӣ ва адабӣ, бахусус
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ Коваи оҳангар пешдомани худро парчам намуда, бар
зидди Заҳҳоки хунхор ба мубориза бархестааст, ки онро «Дирафши Кова» мегӯянд.
«Дирафши ковиёнӣ»-рамзи нахустини давлатдории ориёиён мебошад ва аз он замон
сар карда, парчам чун рамзи озодӣ ва давлату давлатдорӣ дар байни халқу
миллатҳои дунё қабул ва шоистаи парастиш қарор гирифт.
Аз таърихи халқи тоҷик
маълум аст, ки ҳанӯз дар асри V то милод дар ҷанги байни юнониёну форсҳои
ҳахоманиш, минбаъд муборизаи суғдиён бар зидди арабҳо, амалиёти ҳарбии
Сомониён, Ғазнавиён, замони истилои муғул, Темуриён, Манғитиён ҳар лашкар
парчами худро дошт. Дар ин парчам асосан акси шери болдор нақш баста буд, ки
рамзи тавоноӣ, бузургӣ, ҳашамат, матонат, ҷасорат ва ботамкинию хирадмандӣ буд.
Дар асрҳои миёна давлатҳои ҷудогона парчамҳои хос доштанд. Сарлашкарони исломӣ
ҳангоми ҷиҳоду ғазо парчами сабз меафрохтанд.
Парчами аморати
Бухоро, ки соли қабули он маълум нест, аз ду ранг-сабзу сурх, моҳу ситора ва як
навиштаҷоти зарҳалӣ сохта шуда, дар канори чапи он рӯи хати сабз «Султон-сояи
Аллоҳ дар рӯи замин аст» ҳаккокӣ шуда буд. Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии
Шӯравии Бухоро қабул гардид, ки он аз парчами аморати Бухоро ба таври куллӣ
фарқ намекард. Дар рӯи он ба ҷойи
навиштаҷоти «Султон-сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст» чор ҳарф «ҶХШБ» бо хати форсӣ
ва «БНСР» бо хати кириллӣ ҷой дода шуда буданд, шакли ихтисор ва кутоҳшудаи
«Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро» ва «Бухарская Народная Советская Республика» маҳсуб
меёфтанд.
Илова ба парчами
расмӣ, ки дар Конститутсияи ҶХШБ тавсиф шудааст, вариантҳои гуногуни парчам дар
солҳои гуногун истифода мешуданд. Қабл аз таъсиси расмии ҶХШБ, парчами сурх бо
ҳилоли сафед дар маркази он ва дар гӯшаи чапи боло навиштаҷоти БНСР (аз
русӣ, яъне ҶХШБ) дошт, истифода мешуд. Пас аз тасдиқи ҶХШБ ва парчамаш, дар яке
аз вариантҳои парчам ба ҷои навиштаҷот ба кириллик, навиштаҷот бо алифбои арабӣ
истифода мешуд 23 сентябри соли 1921 дуввумин Қурултойи ҳамабухороӣ
Конститутсияи Ҷумҳурии Шуравии Халқии Бухороро қабул ва тасдиқ кард, ки дар он
дар моддаи 79 парчами ҶХШБ тасвир ёфтааст: Парчами давлатии ҶХШБ аз ду
матоъи баҳам рост бурида иборат аст: бологиаш–ранги сабз ва поёнаш–сурх, бо
акси дар қисмати маркази ҷойгир шуда, ки аз дости тиллоӣ бо ситораи панҷкунҷа
иборат аст. Дар қисмати чапи болоии матоъи сабз, дар кунҷе навиштаҷот бо
ҳарфҳои Б.Н.С.Р. ҷойгир аст. Парчам аз ранги қисман сурх, ҳилоли аҳмар ва
ситора иборат буд.
19 сентябри соли 1924,
Қурултойи панҷуми Шуроҳои умумибухороӣ дар бораи табдил додани ҶХШБ ба Ҷумҳурии
Шуравии Сотсиалистии Бухоро ва гузарондани демаркатсияи миллӣ-давлатӣ қарор
қабул кард. Дар он солҳо, ИҶШС демаркатсияи миллӣ-ҳудудии қаламрави Аморати
Бухороро ба нафъи ҶШС Узбекистон, ҶШС Туркманистон ва Ҷумҳурии Автономии
Советии Сотсиалистии Тоҷикистон гузаронд. Дар асоси натиҷаҳои ин демаркатсияи
миллӣ-ҳудуди ҶХШБ ва парчами он барҳам дода шуд ва ба ҷойи он парчамҳои ҷумҳуриҳои нави
иттифоқӣ таҳия шуданд.
Ҷумҳурии мо дар замони
шуравӣ низ дорои парчами худ буд. Ҳанӯз солҳои 1924-1929, яъне давраи мухторият
(автономия) парчамиТоҷикистон саропо сурх буда, ситора, пахта ва навиштаҷоти
нав ба хати форсӣ «Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед» ҷой доштанд.
Соли 1953 парчами
Тоҷикистон тағйир ёфт. Ин дафъа сохтораш нисбатан соддатар буд: аз боло ва поён
ранги сурх ва дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз. Он парчам чун
таҷассуми давлатдории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон матое буд, ки
аз чор рахи рангоранги уфуқӣ иборат буд: рахи боло сурх буда, нисфи бари
байрақро мегирифт: рахи сафед панҷяки бари байрақро ташкил медод. Дар рахи
сурхи боло дар назди чӯби парчам досу болғаи заррин ва дар болои онҳо ситораи
сурхи панҷгӯшае ҳувайдо ва зарҳал давондашуда буд. Ин парчами Республикаи
Советии Сотсиалистии Тоҷикистон то соли 1991, яъне, истиқлолияти комили кишвар
арзи ҳастӣ кард.
Баъди ба Истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон
зарурати қабули рамзҳои давлатӣ, яъне муқаддасоти миллии тоҷикон, аз ҷумла
парчами нави давлатӣ ба миён омад. Азбаски рамзҳои давлатии Тоҷикистони аҳди
шуравӣ ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва шакли
худ мувофиқат намекарданд, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991
«Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард. Ба зудӣ
комиссияи махсус барои тайёр намудани парчами давлатӣ ташкил карда шуд. Барои
таҳия ва тасвири парчам озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардид. Дар Иҷлосияи XVI Шурои
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Кохи Арбоби шаҳри Хуҷанд лоиҳаи Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима
ва қабул гардид, ки ифодагари истиқлолияти кишвари мо, иттиҳоди
вайроннашавандаи мардуми он, дӯстиву бародарии намояндагони ҳамаи миллатҳои
сокини ҷумҳурӣ мебошад. Дар ҳамин ҷо қайд кардан бамаврид аст, ки пеш аз он ки
қонуни зикр шудаи фавқ муҳокима ва қабул гардад, Сарвари давлат баъди
савгандёдкунӣ дар Кохи Арбоби шаҳри
Хуҷанд назди намояндагони халқ дар назди парчами
Тоҷикистон сари зону
нишаста, онро бачашм молида, бӯса намуда, ашк резонда, эҳтироми худро нисбати
яке аз рамзҳои Тоҷикистон муайян намуданд, ин хеле таъсирбахш буд.
Парчами Тоҷикистони
соҳибистиқлол аз матои росткунҷаи се рахи рангдор-сурх, сафед ва сабз иборат
аст. Рахи боло-ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёнии сабз баробар мебошад.
Рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Рӯи
рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тасдиқшуда ва болои ҳафт ситора дар
шакли нимдоира кашида шудааст. Ранги аввал-ранги сурх, ин шуои офтоб, рамзи
равшанист ва сурхрӯист. Ин ранг маънои анъанавӣ дорад. Парчами Коваи оҳангар аз
чарми сурх буд.
Ранги сурх-ин мубориза
ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият аст. Рахи дуюм-ранги сафед,
яъне рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагист. Рамзи сафед рамзи осоиштагиву сулҳ, имрӯзу ояндаи
дурахшони мост. Яъне, ин ранг бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон аст.
Ранги сабз бошад, чун рамзи табиату сабзу ҳамешабаҳори мо ва чун рамзи дини
мубини ислом мебошад. Яъне, ин ранг саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз
он кишварамон сарсабзу хуррам мешавад. Бояд қайд кард, ки парчами Тоҷикистон
дар инъикоси рангҳо-сурх, сафед ва сабз бо парчами давлатҳои Эрон, Булғория,
Венгрия, Италия, Мадагаскар ва Мексика монанд буда, бо рамзи тоҷ ва ситора фарқ
мекунад.
Бо
эҳсоси ифтихору сарбаландӣ зикр бояд намуд, ки 3 августи соли 2011 дар пойтахти
мамлакат- шаҳри Душанбе дар пояи 165 метр парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
парафшон гардид, ки имрӯз яке аз баландтарин дар ҷаҳон баъд аз парчами 170-
метраи Арабистони Саудӣ дар шаҳри Ҷидда ва ҷойгузини китоби рекордҳои Гиннес
аст.Ба ғайр аз ин дар ҳамин ҷо боифтихор қайд бояд кард, ки дар аксарияти
деҳаву шаҳракҳо, маркази шаҳрҳову вилоятҳои кишварамон парчами Тоҷикистони
азизамон парафшонӣ мекунад. Дар як давраи мураккаби муносибатҳои ғайридӯстонаи
қирғизҳо дар деҳаи овозадори Ворух бо иштироки Пешвои миллат парафшон шудани
парчами давлатӣ гувоҳи бузургӣ, ҷасорат, мардонагӣ, ҳисси баланди ватандӯстии
Сарвари давлатамонро бори дигар нишон дод. Аз тарафи дигар, Пешвои миллат анъанаи
гиромидошти парчамро муқаддас дониста, дар фарҳанги парчамдорӣ ва ташаккули он
саҳми беандоза доранд.
Рӯзи
парчам, ки ҳамасола 24 ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо мутантан ҷашн
гирифта мешавад, ин эҳтирому садоқат ба рӯҳи қаҳрамонои миллат-Коваи оҳангару
Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ,
Муқаннаву Восеъ, Айниву Бобоҷон Ғафуров ва садҳо абармардони гузаштаи мост,
яъне, ба онҳоест, ки дар тули таърих барои ному нанг, ору номус ва марзу буми
халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳақи давлатдории ин миллати
куҳанбунёдро то ба замони расонидаанд.
Имрӯз
парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори парчамҳои тамоми мамлакатҳои узви
Созмони Милали Муттаҳид парафшонӣ мекунад, ки ин сарбаландӣ, саодатмандӣ ва
ифтихори бузурги мо аст! Албатта, ин саодатро то ҷовидон чун нангу номус ҳифз
бояд кард!
Дар фароварди сухан
мехоҳем ба суханҳои бо дилу ҷон гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ оварем, ки
хитобе барои имрӯзу ояндаи ин миллат аст: «… муҳаббат ва эҳтироми парчами
миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди банангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба
ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои
он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ ҳамчун рамзи
давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи
шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа бошад».
Аъзамҷон Азимов,
Дилафрӯз Азимзода,
аъзои КИИ
"Дониш"-и
ҲХДТ дар ДМТ