НИЗОМНОМА
«Дар бораи Комиссияи марказии тафтишотии
Ҳизби Халқии Демократии Точикистон»
1.Муқаррароти умумӣ
1.1. Низомнома «Дар бораи Комиссияи марказии
тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» (минбаъд Комиссия) дар асоси
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва Оинномаи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон тартиб дода шуда, фаъолияти молиявии сохторҳои ҳизбиро ба
танзим медарорад.
1.2. Комиссия дар Анҷумани Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон ба мўҳлати панҷ сол ва дар конференсияҳои вилоят, шаҳру ноҳияҳо ба
мўҳлати дувуним сол интихоб карда мешаванд.
1.3 Комиссия дар маҷлиси умумиаш барои роҳбарӣ раис,
муовини раис ва аъзоёни мақомоти кориро интихоб ва тартиби кории онҳоро
муқаррар менамояд. Аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва кормандони Дастгоҳи Кумитаи
Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон узви комиссия шуда
наметавонанд.
1.4 Комиссия дар назди Анҷумани Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон ва комиссияҳои тафтишотии Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар
назди Конференсияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ибтидоӣ ҳисоботдиҳанда
мебошанд.
1.5. Комиссия дар асоси Низомнома «Дар бораи фаъолияти
молиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ва Низомномаи мазкур фаъолият
менамоянд.
1.6.Комиссия барои назорати фаъолияти молиявии
ташкилотҳои ҳизбӣ масъул аст.
1.7. Мутобиқи банди 3.21. Оинномаи ҳизб Маҷлиси
Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва маҷлисҳои
кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ибтидоии ҳизб ахбороти Комиссияро
оид ба сарфу харҷи маблағҳои
молиявии ҳизб ҳамасола камаш як бор мешунавад.
1.8. Дар мавридҳои зарурӣ ба Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи
Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад, ки фаъолияти
молиявии кумитаҳои иҷроияи ҳизбро санҷанд ва аз ин хусус ба Комиссияи марказии
тафтишотӣ ва роҳбарияти ҳизб маълумоти хаттӣ пешниҳод намоянд.
2. Ҳуқуқ
ва вазифаҳои Комиссия
2.1. Комиссия
ҳуқуқ дорад:
- тамоми
ҳуҷҷатҳои аслии молиявӣ, муҳосибӣ ва ҳуҷҷатҳои дигарро аз ташкилотҳои ибтидоии
ҳизбӣ, корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо талаб намояд, ҳамчунин дар мавриди
зарурат дар дигар ташкилоту муссисаҳое, ки бо корхонаҳои тафтишшудаистода
ҳамкорӣ мекунанд, тафтиши ҷавобӣ гузаронанд;
- дар
мавриди ошкор шудани хилофкорӣ аз масъулин баёнот талаб кунад;
-барои баргузории тафтиш аъзоёни комиссияи тафтишотии
вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, кормандони Дасгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон, фаъолони ҳизб ва мутахассисонро ҷалб намояд;
2.2. Пешниҳодоти
комиссия дар бораи рафъи камбудию хилофкориҳо барои ташкилотҳои ҳизбӣ ҳатмӣ
мебошад. Ташкилотҳои ҳизбӣ дар мўҳлати муқаррар намудаи комиссия маъводҳои
тафтишотиро дар маҷлисҳои ҳизбӣ баррасӣ намуда аз тадбирҳои андешидашуда ба
Комиссия гузориш пешниҳод мекунад.
2.3. Ҳангоми
ошкор гардидани хатогиҳо, ғайримақсаднок истифода бурдани маблаѓҳо, амволи ҳизб
ва дигар сўистеъмолкуниҳо комиссия санадҳои тартибдодашударо ба Кумитаи Иҷроияи
Марказӣ барои чораҷўӣ пешниҳод менамояд.
2.4. Аъзои
комиссия метавонанд, дар кори ҷаласаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ иштирок
намоянд.
3. Тартиби
кори Комиссия ва таъмини фаъолияти он
3.1. Маҷлисҳои
комиссия аз рўи зарурат, вале на кам аз ду маротиба дар як сол баргузор
мегардад. Маҷлиси комиссия ҳамон вақт метавонад баргузор гардад, ки дар он
бештар аз нисфи аъзои комиссия иштирок дошта бошанд.
3.2. Қарори
Комиссия бо овоздиҳии ошкоро қабул карда мешавад ва он дар сурате қабул
мегардад, ки агар ба тарафдории
он бештар аз нисфи аъзоёни иштирокдошта овоз дода бошанд.
3.3. Бо
дархости Раиси комиссияи тафтишотӣ аъзои он то даҳ рўз аз тарафи роҳбари
корхона ҷавоб дода мешавад. Дар мавридҳои зарурӣ музди кори миёнаи аъзои
комиссия аз ҳисоби маблаѓҳои ҳизбӣ дода мешавад.
3.4. Баъди
ба охир расидани мўҳлати интихобӣ ва ҳисобот додан ба Анҷуман, комиссия тамоми
ҳуҷҷатҳои давраи фъолияташро ба бойгонии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон месупорад.
Давлатзода Дилмурод Ашурбек, Раиси комиссияи тафтишотии ҲХДТ
Акрамзода Юсуф Акрам, аъзои комиссияи тафтишоти
ҲХДТ
Қодирзода Диловар, аъзои комиссияи тафтишоти ҲХДТ
Бобохонзода Раҷабалӣ - аъзои комиссияи тафтишоти ҲХДТ
Музаффарзода
Дилшод - аъзои комиссияи
тафтишоти ҲХДТ;
Алиаҳмадиён
Рустам - аъзои комиссияи
тафтишоти ҲХДТ;
Лалоенов Самандар - аъзои комиссияи тафтишоти ҲХДТ;
Нурмаҳмадиён Ҷамшед
- аъзои комиссияи
тафтишоти ҲХДТ;
Комилова Мастура - аъзои комиссияи тафтишоти ҲХДТ;
Бобохонзода Раҷабалӣ - аъзои комиссияи тафтишоти ҲХДТ