Анҷуманҳои ҲХДТ

2022-01-18

***

Нимаи аввали соли 1993 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идеяи ташкил кардани Ҳизби Халқии Тоҷикистон пешниҳод шуд (баъдан - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон).

***

12 июни соли 1993 кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил гардид.

***

10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард.

***

15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҳти №199 номнавис намуд.

***

30 марти соли 1996 Анҷумани II Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид.

***

7 сентяби соли 1996 шумораи аввалини нашрияи ҳизб – рӯзномаи "Минбари халқ" аз чоп баромад.

***

25 июни соли 1997 Анҷумани III номи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дод.

***

18 апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб кард.

***

23 сентябри соли 1999 Анҷумани V ҲХДТ Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.

***

25 декабри соли 1999 Анҷумани VI ҲХДТ номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кард.

***

22 сентябри соли 2001 Анҷумани VII стратегия ва тактикаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа - давраи бунёдкорӣ ва созандагӣ муайян намуд.

***

18 декабри соли 2004 Анҷумани VIII ҲХДТ асосгузори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз нав якдилона Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб намуд.

Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро тасдиқ карда, ба Оинномаи ҲХДТ тағйиру иловаҳо ворид сохт.

***

23 сентябри соли 2006 Анҷумани IX Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Анҷуман як масъала-пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Анҷуман дар бораи ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудани номзадии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якдилона қарор қабул кард.

***

28 декабри соли 2009 ба муносибати 15-умин солгарди ташкилёбии ҲХДТ Анҷумани Х ҳизб доир шуд. Дар ин Анҷумани таърихӣ 1900 нафар вакил аз ташкилотҳои ҳизбӣ, роҳбарон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дӯст, аз ҷумла "Единая Россия", "Оқ жол"-и Қирғизистон, "Нуротан"-и Қазоқистон, "Ени Озарбойҷон" ва Ҳизби Коммунисти Чин ширкат варзиданд. Дар Анҷуман ба вазифаи пуршарафи Раиси ҲХДТ аз нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид. Анҷуман инчунин аъзои нави Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ иборат аз 67 нафарро ба тариқи овоздиҳии ошкоро интихоб кард. Дар ҳамин Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баррасӣ ва қабул шуд.

Бо қарори Анҷумани Х ҲХДТ номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод гардиданд.

***

4 октябри соли 2013 Анҷумани XI ҲХДТ баргузор гардид. Вакилони Анҷумани ХI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сарвари давлат, номзади ягона ва арзандаи ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.

***

13 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Анҷумани ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар кори Анҷуман раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1193 вакил, фаъолон, аъзои ташкилоти "Созандагони Ватан" ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Анҷуман аъзои нави Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ иборат аз 79 нафар, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ иборат аз 15 нафар ва ҳайати Комиссияи марказии тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро иборат аз 7 нафар тасдиқ кард.

Вакилони Анҷуман якдилона Эмомалӣ Раҳмонро аз нав Раиси ҲХДТ интихоб карданд. Дар Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баррасӣ ва қабул шуд.

Бо Қарори Анҷумани ХII ҲХДТ 28 нафар номзад, аз ҷумла 11 нафар зан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод гардиданд.

***

13 декабр соли 2019 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани ХIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1917 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар анҷумани навбатии ҳизб як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуданд.

***

3 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе Анҷумани XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он вакилон, аъзои Раёсат, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парлумон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як зумра сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ширкат варзиданд. Дар Анҷуман се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт: Якум – пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Дуюм – оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Сеюм – масъалаҳои ташкилӣ. Аз тарафи вакили Анҷуман Зубайда Шарипова – директори мактаб-интернати №3 барои кўдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид, ки он аз ҷониби ҳамаи вакилони Анҷумани XIV якдилона ҷонибдорӣ ёфт. Вобаста ба масъалаҳои дуюм ва сеюми рўзнома қарорҳои дахлдор қабул гардида, аъзои нави Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.

Хабарҳои охирин