САЙРЕ БА ТАЪРИХИ КУҲАН ВА ДУНЁИ МУОСИР (андешае чанд аз сафари Ҳиндустон)

2024-04-12

Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муносибатҳои байналмилалӣ имкон дод, ки Тоҷикистони азизи мо дар миқёси ҷаҳон эътибори баланд пайдо карда, ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва сайёҳиву варзишӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ тавсеа ёбанд.

Иштироки ҷавонону наврасон дар ҳамоишҳои гуногун, фестивалу симпозиумҳо, озмуну конфронсҳо аз иқдоми шоистаи Ҳукумати мамлакат дар масъалаи ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон маҳсуб меёбад. Ҳангоми навиштани ин мақола беихтиёр суханони пур аз муҳаббати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар анҷоми суханронӣ дар тантанаҳои наврӯзии имсола изҳор карданд, ба ёдам омаданд:

“Ҷавонони азизи мамлакат! Ҳама чиз дар дасти шумост. Ин Ватан, пеш аз ҳама, Ватани наврасону ҷавонони имрӯза аст. Ҳар кори неке, ки мо -калонсолон мекунем, барои шумо - насли ҷавони имрӯза мекунем”.

Баргузории Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон, ки аз 4-ум то 14-уми март дар Ҷумҳурии Ҳиндустон доир гардид, натиҷаи ҳамин талошҳои Пешвои миллат буда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Форум ҳайати 20-нафараи ҷавонони фаъоли кишвар аз вазорату сохторҳои гуногун, ташкилоту муассисаҳои олии касбӣ ва волонтёрон муаррифӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузории Форум тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самтҳои сиёсат, варзиш, илм, маориф, фарҳанг, саноат, сайёҳӣ, технологияҳои коммуникатсионӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонони Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ, шиносоӣ бо фарҳангу маданият ва урфу одати кишвари мизбон буд.

Дар ҳайати иштирокчиёни Форум ҷавонон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон шомил буданд. Ҳиндустон як кишвари аҷибест, ки дорои таъриху фарҳанги нодир буда, ин осор то ба имрӯз ҳифз гардидааст.

Иштирок дар ҳамоише, ки ки дар поён зикраш медорам, боз як бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Пешвои миллат ба рушди тамоми соҳаҳо, аз он ҷумла соҳаи кор бо ҷавонон эътибори махсус зоҳир намуда, ҳар як масъалаи вобаста ба ҳаёти ҷавононро зери таваҷуҳ қарор медиҳанд ва барои ҳалли мушкилоти онҳо тадбирҳо меандешанд.

Таассуроти аз сафар бардоштаам андешаамро бобати он ки мо соҳиби Ватани биҳиштосову кишвари нозанин ва Сарвари раъиятпарвару мардумдӯст ҳастем, боз ҳам қавитар гардонд.

Орзуи дидани диёри афсонавии Ҳиндустонро аз овони хурдӣ дар дил мепарваридам. Замони донишҷӯӣ баъд аз шиносоӣ бо маъхазҳои зиёд, ки аз робитаҳои қадимии адабии мардуми тоҷику ҳинд, мақоми арзанда касб намудани забону адабиёти тоҷик дар ин сарзамин, мутолиаи асарҳои безаволи Робиндранат Такур, ашъори шоирони бузурги тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедил, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Зебунисо ва дигар нависандагони Ҳиндустон муҳаббати ман ба ин диёр боз ҳам афзунтар шуд.

Баробари таъсирбахш будани осори таърихии ин кишвар ба таври шоиста ҳифз ва нигоҳ доштани он бинандаро тасхир мекард. Аз ин лиҳоз, зарур донистем, ки дар поён оид ба раванди баргузорӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин кишвар ба хонандагони сершумори ҳафтанома маълумоти мухтасар пешниҳод намоем. 

ВОХӮРИҲО ДАР ДОИРАИ ФОРУМ

Баъд аз пешвози тантанавии меҳмонон қисмати расмии Форум оғоз ёфт. Шиносоӣ бо ҳайат дар шаҳри Деҳлӣ сурат гирифта, сипас силсилачорабиниҳо дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон доир гардиданд. Зимни мулоқоти расмӣ ҳокими музофоти Гуҷарат ҷавононро ба кишвари меҳмондӯсти Ҳиндустон хайрамақдам гуфта, ин иқдоми саривақтиро идомаи муносибатҳои дӯстиву бародарӣ ва таконбахши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон арзёбӣ намуд.

Дар доираи барнома, ҳамзамон, вохӯрии ҳайат бо вазири корҳои хориҷии кишвари Ҳиндустон доир гардид.

Мавсуф зимни суханронӣ аз имконият ва шароити мусоиди ҷаҳони муосир барои илмомӯзӣ ва тақвияти донишу малака ёдовар шуда, зикр дошт, ки имрӯз ягона силоҳ барои пирӯзӣ бар ҳамаи мушкилиҳо дониш, омӯзиш ва хирад аст.

Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон бо хушнудӣ изҳор намуд, ки ташрифи ҷавонони болаёқати Осиёи Марказӣ ба кишвари афсонавии Ҳиндустон барои ташаккул ва такомули шахсияти онҳо заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Намоишҳои фарҳангии ҳарду ҷониб дар ҳузури вазири ҷавонон ва варзиш яке аз бахшҳои хотирмони ҳамоиш буд.

ТОҶМАҲАЛ

Дар доираи чорабиниҳои барномаи қаблан тарҳрезишуда ҳайати мо ҷиҳати шиносоӣ бо муъҷизаи шоҳкоронаи кишвари Ҳиндустон - Тоҷмаҳал озими шаҳри Аграи Ҳиндустон шуданд.

Қаср-мақбараи Тоҷмаҳал кайҳо боз ба мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ва яке аз ҷойҳои тамошобоби Ҳиндустон табдил ёфтааст.

Ин муъҷизаи таърих дар шаҳри Агра, дар 240-километрии пойтахти кишвар – шаҳри Деҳлӣ ҷойгир аст. Шаҳри Агра аз соли 1528 то 1658 пойтахти империяи Темуриёни Ҳинд (Бобуриён, “Музулҳои Бузург” буд.

Шоҳҷаҳон ҳокими панҷуми империя буд, ки аз соли 1627 то 1658 ҳукмронӣ кардааст.

Ӯ дар таърих ҳамчун ҳукмрон ва офарандаи ёдгориҳои барҷастаи меъморӣ дар Агра ва Деҳлӣ нақши худро гузошт.

Шоҳҷаҳон дар синни 20-солагӣ бо духтари форсизабон издивоҷ намуд. Ҳамсари шоҳи оянда номи Мумтоз - Маҳал (“баргузидае дар қасри баланд”) гирифт.

Тибқи гуфтаи таърихнигорон, эътимод ба ҳамсараш он қадар комил буд, ки ӯ ҳатто ба муҳри асосии кишвар дастрасӣ дошт.

Соли 1631 Мумтоз Маҳал ҳангоми таваллуди фарзанди чордаҳуми худ вафот мекунад. Барои абадӣ гардондани номи ҳамсараш Шоҳҷаҳон қарор дод, ки муҷассамае созад, ки ҳамтои он дар ҷаҳон набошад. Таърихнигор ва солноманависи дарбор Муҳаммад Амин Казвинӣ навиштааст, «...он шоҳасари асрҳои оянда хоҳад буд ва шуҳрати тамоми башариятро афзун хоҳад кард».

Пас аз чанд моҳи марги Мумтоз сохтмони оромгоҳи бузург оғоз ёфт. Ҳангоми тамошои ин шоҳкории бузург беихтиёр яке аз биноҳои муҳташаме, ки бо заҳматҳои Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Душанбе бунёд гардидааст, пеши назар омад.

Ин муъҷиза бинои “Кохи Наврӯз” аст, ки дар асоси санъати меъмории миллӣ бунёд гардида, тамошогоҳи сайёҳони зиёди хориҷӣ гардидааст. Соли 2019 “Кохи Наврӯз” ҳамчун яке аз ҳашт муъҷизаи муосири Созмони ҳамкории Шанхай эътироф гардид.

БОЗДИД АЗ ҚАЛЪАИ СУРХ ДАР ШАҲРИ АГРА

Дар доираи сафар ба ин шаҳри таърихӣ, ҷавонон аз Қалъаи Сурхи Агра, ки хотираи империяи Бобуриён ва манзили асосии ҳокимон маҳсуб меёфт, боздид ба амал оварданд. Ин қалъа дар Ҳиндустон яке аз зеботарин иншооти мудофиавии кишвар аст, ки номи он бо ранги регсанги дар сохтмони он истифодашуда зич алоқаманд аст. Он ҳам дар қатори Тоҷмаҳал ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардида, таҳти ҳимояи ҳукумати кишвар қарор дорад. Тарҳи қалъа шаҳри алоҳидаеро мемонад, ки дар соҳили чапи дарёи Ямуна то 3 км тӯл кашидааст.

Дар ин чо дар паси деворҳои қалъа, ки баландии он ба 20 метр мерасад, боғу қасрҳо, маъбадҳо, масҷиду хиёбонҳо ҷойгир аст.

Агар дар марҳилаҳои аввали сохтмон ба хишти сурх, ки танҳо гоҳ-гоҳ бо унсурҳои мармари сафеди барфӣ омехта мешуд, афзалият дода мешуд, пас дар замони Шоҳҷаҳон мармари бо нақшҳои тилло ва сангҳои қиматбаҳо яке аз масолеҳи асосии сохтмонӣ гардид. Дар натиҷа як омезиши рангҳо ба вуҷуд омад, ки сурх ва сафедро дарбар мегирад.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ СУДИИ ГАНДИНАГАР (NFSU)

Боздиди ҳайат аз Донишгоҳи Миллии Илмҳои Судӣ (NFSU) баъд аз мулоқот бо волонтёрон дар шаҳри Аҳмадободи музофоти Гуҷарат, ки яке аз марказҳои аз ҷиҳати илму технологияи пешрафта аст, доир гардид.

Донишгоҳи Миллии Илмҳои Судии Гандинагар, ки дар шаҳри Гуҷарат воқеъ аст, танҳо ба илми криминалистӣ ва тафтишот тамаркуз гардидааст. Қаблан ҳамчун "Донишгоҳи илмии криминалистии Гуҷарат" маъруф буда, дар асоси санади 17, ки аз ҷониби Ассамблеяи қонунгузории Гуҷарат 30-юми сентябри соли 2008 қабул шудааст, таъсис ёфт. Донишгоҳи мазкур аз ҷониби Санади Парлумон ҳамчун як ниҳоди дорои аҳаммияти миллӣ эътироф шудааст.

Донишгоҳ дорои як пажуҳишгоҳи тибби судӣ, пажуҳишгоҳи рушд, институти илмҳои рафтор ва институти менеҷмент ва технология бо зерсохтори институти илмҳои тиббӣ-ҳуқуқӣ мебошад.

Ҳамзамон, донишҷӯён ба омӯзиши машғулиятҳои илмҳои криминалистӣ, криминалистии рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ ва киберамният фаро гирифта мешаванд.

Зимни муаррифии барномаи омӯзишӣ ҳайати омӯзгорон аз имконият барои омӯзиш дар донишгоҳи мазкур ёдовар шуда, аз ҷавонон барои таҳсил ва табодули таҷриба дар ин боргоҳи илму маърифат даъват ба амал оварданд.

Дар идома донишҷӯён бо барномаи рангини фарҳангӣ, ки таҷассумгари расму ойини қадимаи кишвари мизбон буд, хотири ҳозиринро болида гардониданд.

МАРКАЗИ БАРНОМАҲОИ КАЙҲОНӢ

Боздид аз Маркази барномаҳои кайҳонӣ ва шиносоӣ бо технологияи навтарини илми нуҷумшиносӣ далели пешрафти илми муосир дар ин кишвари абарқудрат маҳсуб ёфт. Ҳамзамон, ҷиҳати шиносоӣ бо технологияи саноати сабук ҳайати ҷавонони иштирокчии Форум аз корхонаи бофандагии Аҳмадобод боздид ба амал оварда, аз имконият ва шароити фаъолияти он дидан намуданд.

САБАРМАТИ АШРАМ

Яке аз макони таърихии Ҳиндустони муосир бо номи Сабармати Ашрам ё хонаи Маҳатма Ганди - яке аз чеҳраҳои маъруфи ҳаракати миллии озодихоҳии Ҳиндустон ба шумор меравад.

Дар ин ҷо тавассути мусаввараҳо аз ҳаёти таърихии ин шахсияти тавоно ва андешаҳои инсони бузург аз наздик шиносоӣ пайдо намудем. Маҳатма Ганди яке аз пешвоён ва идеологи ҳаракати миллии озодихоҳии Ҳиндустон буд. Дар соли 1915 нависандаи бузурги Ҳиндустон Робиндранат Такур бори нахуст унвони «Махатма» - «ҷони бузург»-ро нисбат ба Мохандас Ганди истифода бурд. Дар соли 1921 Махатма Ганди ба Конгресси миллии Ҳиндустон сарварӣ кард.

Дар байни халқ афоризмҳои Маҳатма Ганди хеле машҳуранд, ки дар зер чанде аз онҳоро оварданро лозим шуморидем: “Фиребгар дар ниҳоят худашро фиреб медиҳад. Агар мо хоҳем, ки дар ҷаҳон сулҳу осоиши хақиқӣ ба даст оварем, мо бояд аз кӯдакон шуруъ кунем. Агар шумо хоҳед, ки ҷаҳон тағир ёбад, худатонро тағйир диҳед. Муҳаббат ҳеҷ гоҳ талаб намекунад, ҳамеша медиҳад”.

ЁДГОРИИ МЕЪМОРИИ ҚАЛЪАИ СУРХ

Баъд аз боздид аз шаҳри Аҳмадобод ҳайати мо аз як макони таърихии шаҳри Деҳлӣ  - Қалъаи Сурх ё Лаъл Қило дидан намуд. Ин макон ҳамчун ёдгории меъмории даврони пешин пазируфта шуда, маҳз дар ин қаср муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ муҳокима шуда, нақшаҳои оянда амалӣ мегаштанд. Пас аз шӯриши соли 1857 Бритония императорро бадарға карда, қароргоҳи худро дар Лаъл Қило таъсис дод.

Дар инҷо, инчунин, оромгоҳи Ҳумоюн - ёдгории муҳташами Ҳиндустон воқеъ аст, ки бо фармони зани император Ҳумоюн сохта шудааст.

БА ҶОЙИ ОХИРСУХАН

Ҳангоми сафар ман ҳамчун як духтари тоҷик аз чанд ҷиҳат ифтихор кардам. Мояи ифтихори аввалинам ин буд, ки ниёгони бузурги мо, тоҷикони фарҳангпарвару тамаддунсоз дар пешрафти фарҳангу адаби ин мамлакати афсонавӣ ва дорои таърихи куҳан нақши бузург доштанд, зеро дар давраи начандон дури таърихӣ дар ин диёр забону адабиёти тоҷикӣ мақоми баланд дошт.

Номҳои тоҷикӣ, аз қабили Тоҷмаҳал, Мумтозмаҳал на танҳо гувоҳи ин далел мебошанд, балки шаҳодати онанд, ки забону фарҳанги миллати тоҷик дар инкишофи тамаддуни ин кишвар мақоми шоиста дорад.

Муҳаққиқи зиндаёд Амирбек Абибов дар таҳқиқоти илмии худ менависад, ки “дар асри XVI адабиёти тоҷикзабони Ҳиндустон хеле пеш рафта, шоирони машҳур ҳамчун Файзии Даканӣ, Урфии Шерозӣ, Назирии Нишопурӣ, Зуҳурии Туршезӣ ва Соиб Табрезӣ барин шоирон дар Ҳиндустон ва берун аз он шуҳрати бузурге пайдо мекунанд”.

Ифтихори дигари ман аз он буд, ки дар ин ҳайати мо ҳама ҷавонон ҳам аз лиҳози донистани забон ва ҳам аз нуқтаи назари донишу фарҳанги баланд шоистаи таҳсин буданд. Сеюмин ифтихори ман аз либоси миллии тоҷикона буд, ки диққати ҳамагонро бо зебогиву нишонаҳои ориёии худ ҷалб мекард.

Дар анҷом мехостам арзи миннатдории худамро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар созмондиҳандагони Форум барои ташкили чунин сафари пурсамар изҳор намоям.

Давлатхотун Пайшанбиева,

сармутахассиси

Маркази таҳлил ва иттилооти

Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ