Душанбе-меҳвари ташаббусҳои созанда

2024-04-16

16 апрели соли ҷорӣ дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва Ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов” озмуни шаҳрии расми беҳтарин таҳти унвони “Душанбе – меҳвари ташаббусҳои созанда баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи чорабиниҳои мазкур масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва роҳбарияти Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мақсади баргузории чунин озмунҳо баҳри инъикоси табиати зебои диёр, таъриху тамаддун, расму оин, асолати худшиносии миллӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба санъати рассомӣ ва инъкоси мавзеъҳои зебои шаҳри Душанбе, дастгирии эҷодкорони ҷавон, фаъол намудани нерӯи эҷодкориву созандагӣ, дарки масъулияти хештаншиносӣ, риояи одоби шаҳрнишинӣ, эҳтироми арзишҳои таърихии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе мебошад.

Дар анҷом ғолибони озмун бо диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.