Нашрияи марказии ҲХДТ
ҳафтаномаи “Минбари Халқ”
Баъд
аз ду соли таъсис ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (соли 1994) ҳамчун
созмони нави сиёсӣ, нахустшумораи нашрияи марказии он бо номи “Минбари халқ” низ
7 сентябри соли 1996 аз чоп баромад ва дар як муддати кўтоҳ нашрияи дўстдоштаи
ҳамагон гардид.
Саҳифаҳои
нашрия фарогири мавзуъҳои он буда, барои баррасии масъалаҳои гуногун хидмат
мекунанд. Аз нахустин шуморахои нашрия саҳифаҳои “Ҳаёти ҳизб”, “Мавзўи рўз”,
“Чашмандоз”, “Танзим”, “Розу ниёзи Шумо”, “Бозгашт ба мавзуъ”, “Нигоҳи дигар”,
“Нигоҳ аз ошёнаи 9-ум”, “Чашмандоз”, “Номҳои фаромўшшуда”, “Номаи бетаҳрир” ва
мисли ин писанди хонандагон шуданд.
Имрўз
“Минбари халқ” серхонандатарин нашрия буда, бо теъдоди беш аз 100 ҳазор нусха
нашр мешавад.
Нашрияи
“Минбари халқ”, дар воқеъ ҳамчун минбари умумихалқии кишвар, ифодагари талошу
муборизаи халқ дар роҳи рушди давлатдорӣ ва бозсозихои демократӣ, орзуву ормони
халқи мо гардид. Аз рўзҳои аввали таъсисёбии худ, «Минбари халқ» ифодакунандаи
сиёсати ҳизб оид ба тарғиби сулҳу ваҳдат гардида, барои тарбияи наслҳои нав дар
рўҳияи ватандўстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандагӣ, густариши фарҳанги сулҳ
чун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум хидмат намуд.
Нашрия
инъикосгари фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, масоили ҷавонон буда,
оид ба шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва фаъолияти онҳо, муҳоҷирати
меҳнатӣ, тарбияи ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандўстӣ, ахлоқи
ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омўзиши илму дониш
ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдўстӣ ва риояи волоияти қонун дар зеҳну шуури
насли наврас ва ҷавонони мамлакат саҳми арзанда дорад.
Хадафу
ормонҳои ҲХДТ бо сиёсати умумии давлат оид ба ҳифзи истиқлолияти давлат ва
таъмин намудани рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо дарназардошти
манфиатҳои миллӣ, имконияту захираҳои воқеӣ, таҷрибаи давлатдории миллӣ ва
тибқи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ муҳимтарин самти кори нашрияи
«Минбари халқ» ҷавҳари аслии муҳтавои маводи он мебошад. Вазифаи меҳварӣ ва
асосии давлату ҳукумати Тоҷикистонва ҳамзамон Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон муттаҳид намудани тамоми гурўҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар дар атрофи
ғояи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо” чун нуқтаи
пайванд ва ҳалқаи баҳамоварандаи тамоми мардуми кишвар, сарфи назар аз миллату
забон, дину мазҳаб ва ақидаву мавқеи сиёсӣ, чун василаи муассиртарини ҳифзи
Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоли мо мебошад.
Дар
ин замина, ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ ва таҳким бахшидани давлатдории
миллӣ, ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва
таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, рўз
аз рўз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани
рақобат ва бархўрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои
ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ муҳим буда, самтҳои
асосии фаъолияти нашрия «Минбари халқ»-ро ташкил медиҳад:
-Густариш
бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватандории мардум,
баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону
ҷавонон;
-шарҳу
тавзеҳи моҳияти равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, мақсади нерўҳои ғаразноки
берунӣ ва ҳадафи нақшаву барномаҳои давлати мо;
-ҳадафи стратегии
давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ баланд
бардоштани сатҳи зиндагии мардум;
-ҳарчи бештар густариш
додани фарҳанги сулҳ ва устувории ваҳдату ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди
нодиртарини мардуми Тоҷикистон;
-арҷгузорӣ ва эҳтироми
забони давлатӣ - забони зебои шоиронаи тоҷикӣ, эҳё ва густариши забони давлатӣ,
тарғиби донистани забонҳои дигар, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ барои
наврасону ҷавонони мо, иқдомоти зарурӣ дар самти ҳифзу гиромидошт, тозагии забони
давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он ва ғайра.
Мусаллам аст, ки
раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари паҳлуҳои мусбати худ имрўз башариятро дар
рўбарўи омезишу бархўрди арзишҳо ва фарҳангҳои гуногун қарор додааст. Ҳамчун
миллати қадима ва фарҳангӣ мо ҷонибдории гуфтугўи тамаддунҳо ва истифода аз
сарватҳои илмӣ ва дастовардҳои фарҳангии халқҳои Ғарбу Шарқ ба хотири таҳкими
низоми дунявии давлати мо мебошем. Вале ҷаҳон бо хатарҳои гуногуни ҳалокатовар
ва заволкунандаи давлату халқҳо рў ба рў меистад, ки экстремизми сиёсӣ,
терроризм, фишор ва дахолати рўирост ба тақдиру сарнавишти халқҳои дигар аз
ҷумла онҳост. Бинобар ин, дар марҳилаи навбатӣ дар назди нашрияи «Минбари халқ»
вазифаҳои басо муҳим ва пурмасъулият меистад.
Мо ба эъмори давлати
демокративу ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ замина гузоштем. Таҷрибаи
таърихии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон собит месозад, ки бунёди чунин давлат
раванди тўлонӣ мебошад.
Ҳарчанд ки аз замони
ба истиқлол расидани давлати мо ҳанўз давраи зиёд нагузаштааст, вале мо аллакай
шоҳиди густариши раванди гуногунандешии сиёсӣ, рушди босуръати фаъолияти аҳзоби
сиёсӣ ва ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон ҳастем ва дар ин
самт аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти озоди онҳо ҳамаи
шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Яъне мо дар як замони
начандон тўлонӣ тавонистем, ки аз тариқи Конститутсия ва дигар санадҳои
қонунгузорӣ меъёрҳои бунёдии фаъолияти давлати демократӣ – асосҳои сохти
давлатдории демократӣ, аз ҷумла моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии он, муқаддас будани
ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси парламенти
касбӣ, кафолати адолати судӣ ва баробар будани ҳамаро дар назди қонун, инчунин
озодии виҷдонро эълон ва таъмин намоем.
Дар Конститутсияи
давлатамон дарҷ гардидааст, ки мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ,
ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.
Албатта, ҳар ҳизб
тибқи барномаи амали худ мавқеи хоси сиёсиву ақидавӣ дорад. Вале дар шароити
кунунӣ зарур аст, ки ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манфиатҳо ва
арзишҳои волои миллиамон, ба монанди истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ,
суботи иҷтимоӣ ва ваҳдати милливу ҳамбастагии тамоми сокинони кишварро муқаддас
донанд ва ба хотири ҳифз кардану тақвият бахшидани онҳо саъю талош намоянд.
Мо вазифадорем, ки ба
хотири ҳифзи истиқлолияти давлатамон ва таъмини рушди бонизоми иқтисодиву
иҷтимоии кишварамон сиёсати нашрияи худро дар заминаи арзишҳои бунёдӣ,
озодандешӣ ва ошкорбаёнӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ дар доираи
барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монем.