ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТЧИГИИ ДЕҲОТИ НАВОБОД
2024-04-12
Бо мақсади таъмини
иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2024, №16/10-25 вобаста ба масъалаҳои вазъи
мураккаби сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯза, торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба
мафкураи ҷомеаҳо ва дар ин ҳошия, зиёдшавии омилҳои номатлуб дар байни аҳолӣ,
махсусан қишри ҷавон, инчунин ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ ва
таъмини иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа дар раванди созандагию бунёдкорӣ тибқи
нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз 15
феврали соли 2024 бо сокинони деҳаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри
Ҳисор аз санаи 1 март то 30 июни соли 2024 бахшида ба эълон гардидани соли 2024
“Соли маърифати ҳуқуқӣ” вохӯриҳо баргузор гардида истодааст.
Санаи 11 апрели соли
равон вохӯрии гурӯҳи корӣ дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри
Ҳисор, намояндагони Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр ва Бахши
дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди МИҲД-и шаҳр бо сокинони деҳаи
Ғуриёти Ҷамоати деҳоти Навобод баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур баромадкунандагон доир ба муҳтавои
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии
шаҳрвандон", масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму
экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати
меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккули худшиносиву
худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, рафти чорабинӣ оид ба
ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои
фарҳанги миллӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии
ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таблиғу ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ ва дар амал
татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну
маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар
таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», “Дар
бораи ватандӯстии шаҳрвандон” ва ҷалби сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ,
масъалаҳои мубрами рӯз, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар
мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9 марти
соли 2024 қайд гардид, маърӯза намуданд.