ҚАБУЛГОҲИ ҶАМЪИЯТИИ
Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон
НИЗОМНОМА
дар бораи фаъолияти
қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ
Муқаддима
Низомномаи мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», Оинномаи ҲХДТ, Қарори КИМ Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2005 «Дар бораи вазъи сиёсию ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои навбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон» ва нақша-чорабиниҳои аз ҷониби Раиси Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқгардида, бо мақсади амалӣ намудани
ҳадафҳои барномавии ҳизб, татбиқи меъёрҳои демократӣ, моҳияти иҷтимоӣ, дунявӣ ва
ҳуқуқбунёдии давлат, баланд бардоштани масъулияти кормандони ҳизбию хоҷагӣ ва
шаффофияти кори онҳо, баррасии саривақтӣ ва ҳаллу фасли арзу шикоят ва
пешниҳодоти шаҳрвандон таҳия шудааст ва фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистонро танзим менамояд.
I.
Муқаррароти умумӣ
1.Қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ дар назди кумитаҳои иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд. Дар доираи ваколатҳои
худ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ сиёсати ягона дар
самти қабулу баррасии арзу шикоятҳо ва таклифҳои шаҳрвандонро татбиқ менамояд.
II.
Таъис ва ташкили фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ
2.Қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ бо қарори Маҷлиси кумитаҳои
иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис
дода мешаванд.
3.Қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ дар идораи кории кумитаҳои
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар утоқе ташкил карда мешаванд, ки
барои қабули шаҳрвандон мувофиқ бошад.
4.Барои қабул ва баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон
Ҷадвали қабули шаҳрвандон бо нишон додани рўйхати масъулин ва навбатдорон
тартиб дода шуда, онро раиси кумитаи иҷроия тасдиқ мекунад.(Намунаи 1)
5.Барои қабули шаҳрвандон вакилони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон (аъзои фраксияи ҲХДТ) дар рўзу соати бо онҳо мувофиқашуда
ва вакилони Маҷлисҳои вакилони халқии вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявие, ки аз тарафи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд, ҷалб карда мешаванд.
Рўйхати онҳо ва рўзу соати қабул дар ҷои намоён овехта, дар нашрияҳои ҳизбӣ чоп
карда мешаванд.
6.Барои бақайдгирии арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар
қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ китоби бақайдгирии арзу шикоятҳои шаҳрвандон бо нишондоди
ному насаби муроҷиаткунанда, ҷои истиқомат, мазмуни мухтасари муроҷиат, ному
насаби навбатдор, баррасӣ ва ҳолати иҷрои муроҷиат навишта мешавад. (Намунаи
2)
7.Навбатдорӣ дар қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ аз рўи Ҷадвали
тартибдодаи кумитаи иҷроия ташкил карда мешавад.
8.Дар сурати бо сабабҳои узрнок иштирок накардани
навбатдор ў бо шахси дигари дар рўйхат дарҷгардида аз тарафи кумитаи иҷроия
иваз карда мешавад.
9. Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятӣ аз
тариқи рўзномаҳо ва тарғиботчиёну фаъолони ҳизб мардуми маҳаллро огоҳ
менамоянд.
10.Дар қабулгоҳи ҷамъиятӣ аз тарафи кумитаи иҷроия
китоби бақайдгирии шахсони навбатдор кушода мешавад, ки шахсони масъули
навбатдор дар ин дафтар оиди навбатдории худ маълумот сабт менамоянд. Раиси
кумитаи иҷроия дар бораи анҷоми навбатдории шахси масъул ба он имзо
мегузорад. (Шакли 3)
11. Лавҳаи «Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон» дар даромадгоҳи бинои кумитаи иҷроияи ҳизб насб карда
мешавад.
III.
Усулҳои асосии фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ
12.Қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ дар асоси усулҳои зерин
фаъолият мекунанд:
- қонуният ва адолати иҷтимоӣ;
- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ба таври демократӣ, ошкоро, шаффоф ва бо назардошти
гуногунандешӣ аз рўи адолат ҳал намудани арзу шикоятҳои шаҳрвандон;
- масъулият барои натиҷаҳои фаъолияти худ дар назди
аҳолӣ;
- дарки воқеии ҳизби масъулият будани Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон.
IV.
Тартиби қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон
ва барасмиятдарории он дар қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ
13.Қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон қатъиян мутобиқи
ҷадвали тасдиқнамудаи кумитаи иҷроия, ки дар он вақти муайяни соати қабул нишон
дода шудааст, сурат мегирад.
14.Мўҳлати баррасӣ ва ҳалли арзу шикоятҳои шаҳрвандон
тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон»
амалӣ гардонда мешавад.
15. Қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ аз ҳолати баррасӣ ва иҷрои
арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар мўҳлати муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ба шаҳрванд ҷавоби хаттӣ ирсол
менамоянд.
16.Навбатдори масъул ҳуқуқ дорад, ки барои ҳаллу фасли
муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муроҷиат кунад ва ё
арзу шикояти мардумро ба таври хаттӣ ба идораҳои дахлдор ҷиҳати баррасӣ ирсол
намояд.
V.
Вазифа ва ҳуқуқҳо
17.Шахсони масъул ва навбатдорони қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ
вазифадоранд:
- дар вақти муқарраргардида, ки дар ҷадвали қабули
шаҳрвандон нишон дода шудааст, дар қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ ҳозир бошанд;
- арзу шикоятҳои шаҳрвандонро боодобона ва бо мулоҳиза
гўш кунанд ва дар китоби бақайдгирии арзу шикоятҳои шаҳрвандон қайд намоянд;
- ҷиҳати баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон тибқи
талаботҳои муқаррарнамудаи қонунҳои амалкунанда масъулият ҳис кунанд;
18.Шахсони масъул-навбатдорон дорои ҳуқуқҳои зерин
мебошанд:
вакилони МО ҶТ (аъзои фраксияи ҲХДТ) метавонанд аз
ваколатҳои худ тибқи муқаррароти қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ истифода
намоянд;
вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру
ноҳияҳо метавонанд аз ваколатҳои худ тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» истифода
намоянд.
VI.
Таъмини фаъолияти ташкилӣ ва моддию техникии қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ
19. Хизматрасонии ташкилӣ, моддию техникӣ ва дигар
мусоидатҳо ба фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи
вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сурат мегирад.
Кумитаҳои иҷроия ҳуқуқ доранд, ки бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои эҳтиётии худ
пул ҷудо намоянд ва оид ба хароҷоти он смета тартиб диҳанд.
20.Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки дар давоми даҳрўзаи
аввали ҳар моҳ оиди фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ ба Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ахбороти хаттӣ ирсол намоянд.
VII.
Паёмади риоя накардани талаботҳои Низомномаи мазкур
21.Дар сурати риоя нагардидани талаботҳои Низомномаи
мазкур аз тарафи шахсони масъул ба онҳо тибқи муқаррароти Оиннома ҷазои ҳизбӣ
дода мешавад.
22.Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти қабулгоҳҳои
ҷамъиятӣ ҳар семоҳа ба Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузориши хаттӣ
пешниҳод мегардад.
23.Оид ба фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ дар нашрияҳои
ҳизбӣ мунтазам хабару мақолаҳо ба табъ расонда мешавад.
Суроғаи қабулгоҳи ҷамъиятии КИМ ҲХДТ:
ш. Душанбе, н.Шоҳмансур, к.Валаматзода 6
ҶАДВАЛИ
навбатдории
қабули шаҳрвандон аз ҷониби кормандони
Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2023
т/р |
Ному насаб |
Вазифа |
Рӯзи навбатдорӣ |
1 |
Хонзода А.У. |
Роҳбари дастгоҳ |
01.06.2023 |
2 |
Ҳабибзода З. |
Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо |
03.06.2023 |
3 |
Аҳмадзода О. |
Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” |
06.06.2023 |
4 |
Файзизода М |
Мудири шӯъбаи молиявӣ ва корҳои хочагидорӣ |
08.06.2023 |
5 |
Бурҳонзода М |
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон |
10.06.2023 |
6 |
Ширинбеков Садриддин |
Мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқот |
13.06.2023 |
7 |
Холиқзода Г |
Мудири шуъбаи умумӣ |
15.06.2023 |
8 |
Нурзод Р. |
Мудири бахши омор |
17.06.2023 |
9 |
Муқимзода Н |
Мудири шӯъбаи кор бо занон |
20.06.2023 |
10 |
Гулмаҳмадзода З. |
Сармутахассис |
22.06.2023 |
11 |
Шоев А. |
Сармутахассис |
24.06.2023 |
12 |
Хонзода
А.У. |
Роҳбари дастгоҳ |
27.06.2023 |
13 |
Ҳабибзода З. |
Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо |
29.06.2023 |
Эзоҳ:
Рӯзҳои навбатдорӣ - сешанбе аз соати 14:00 то 17:00, панҷшанбе аз соати 14:00 то 17:00, шанбе аз соати 08:00 то 12:00