Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фраксияи ҳизбӣ ва дар маҷлисҳои маҳаллии
вакилони халқ гуруҳҳои вакилии ҳизбӣ таъсис дода мешавад.
Дар
Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 нафар муттаҳид шудаанд.
Фраксияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 то соли
2001 Давлаталӣ Давлатзода, аз соли 2001 то соли 2002 Абдуҷҷабор Азизӣ, аз соли 2002
то январи соли 2011 Ҷймъабой Сангинов, аз моҳи январи соли 2013 Махфират
Хидирзода, аз соли 2013 то соли 2015 Акрамшо Фелалиев, аз соли 2015 то соли
2021 Бахтовар Сафарзода ва аз соли 2021 то
ҳол Обидзода Фозил Саидович ба уҳда дорад.
Муовини якуми раиси
Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад аст. Саодатшо Матробиён
муовин ва Қосимӣ Файзулло котиби фраксия мебошанд.
ОБИДЗОДА ФОЗИЛ
САИД
1
марти соли 2020 вакили
Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Аз 5 феврали соли 2019 дар вазифаи ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат кор кардааст.
Соли таваллуд – 31 январи соли 1961.
Ҷои таваллуд – ноҳияи Ховалинг.
Миллат – тоҷик.
Таҳсилот – олӣ.
Соли 1987 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.
Ихтисос – иқтисодчӣ.
Унвони илмӣ (дараҷаи илмӣ) – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.
Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат.
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не – Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур.
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаастё не –не
Вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби шаш фарзанд.