МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

2024-04-16

Дар робита ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизб ва нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба “Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе” ва таҷлили 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯз дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансур маросими ифтитоҳи мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни ташклилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи мазкур мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Ҳомидзода Насим суханронӣ намуда, сараввал кулли иштирокдорони чорабиниро ба муносибати “Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе” самимона шодбош намуд.

Зимнан, қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчун ҳизби пешоҳанг ва ташаббускор барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад.

Бо боварӣ метавон қайд намуд, ки баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ миёни мардум, махсусан ҷавонону бисёр ҳам иқдоми муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад ва ҷалби бештари насли ҷавон ба варзиш метавонад яке аз омилҳои пешгирӣ аз гаравиши онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва экстремистию террористӣ гардад.

Дар идома, ҷиҳати ба гурӯҳҳо ҷудо намудани дастаҳои варзишӣ маросими қуръакашӣ доир карда шуд.