Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз
2024-06-04
Бахшида
ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз дар бинои маъмурии Нозироти андози шаҳри
Бӯстон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Дар
чорабинӣ прокурори шаҳри Бӯстон Азизов Абдуқаҳҳор Абдуҷабборович, раиси Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар,
сардори Нозироти андози шаҳри Бӯстон Малиқозода Амиралӣ иштирок намуданд.
Нахуст
сардори Нозироти андози шаҳри Бӯстон Малиқозода Амиралӣ зимни баромад
меҳмононро хайримақдам гуфта, миннатдории нозироти андозро баҳри қадрдонӣ ва
табрикоти самимиашон баён намуд.
Дар
рафти чорабинӣ прокурори шаҳри Бустон Азизов Абдуқаҳҳор бо истифода аз фурсати
муносиб, кормандони соҳаро бо ин сана шодбош гуфта, дар иҷрои масъулияти
пуршарафашон комёбиҳои беназирро таманно намуд. Тазаккур дод, ки дар замони
муосири ҷаҳонишавӣ рушди устувори иқтисодиёт, аз ҷумла ташаккули бомароми
буҷети давлатӣ аҳаммияти басо хоса дошта, он барои тадриҷан беҳтар гардидани
сифати зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ заминаи устувор
мегузорад. Дар ин раванд саҳми кормандони андоз назаррас арзёбӣ мегардад.
Раиси
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон Ҷалолзода
Миршакар дар баромад изҳор дошт, ки аз фаъолияти бомароми кормандони ин соҳа
дастёбӣ ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар возеҳу равшантар мегардад. Кормандони соҳаи мазкур баҳри таъмини нишондоди буҷети давлатӣ, ки ба он пешрафти
иқтисодию иҷтимоии кишвар вобаста аст, тамоми донишу малакаашонро истифода
карда, дучанд талош менамоянд. Боварии комил аст, ки минбаъд низ кормандони
нозироти андози шаҳр баҳри ҳамаҷиҳата равнақ додани унсурҳои устувори иқтисодӣ
ва дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ мондани фаъолияти густурда,
заминаҳои мустаҳкамеро ба миён хоҳанд овард.
Дар
анҷом аз чониби прокурори шаҳри Бӯстон Азизов Абдуқаҳҳор ба кормандони Нозироти
андоз туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Инчунин
аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон
ба аъзои фаъоли Нозироти андоз сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ ва ба аъзои нав
шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.