Ҳамкориҳои
байналхалқии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон
бо ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон
шоистаи таҳсин буда, дар шароити муосир бомаром густариш
меёбанд.
Махсусан, ҳамкории ҲХДТ
бо Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» (Россия), Ҳизби
коммунистии Чин (Ҷумҳурии Мардумии Чин), ҳизбҳои
сиёсии «Нур Отан» (Қазоқистон), «Ени Азербайджан» (Озарбойҷон), ҳаракати «Белая
Русь» (Белоруссия) ва Агентии
федералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии башардўстона (Россотрудничество) дар доираи
шартномаҳои имзошудаи ҳамкорӣ
ҷараён дорад.
Дар ин замина, иртиботи мутақобилан
судманди ҲХДТ бо Ҳизби
умумироссиягии «Единая Россия» ва Ҳизби коммунистии
Чин шоистаи таъкиди хос аст.
Тоҷикистонро бо Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайвандад. Ин кишварҳо имрӯз яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии мо боқӣ мемонанд. Гардиши мол миёни мамлакатҳо мунтазам афзоиш меёбад.
Ҳамасола бо
даъвати ин ҳизбҳои сиёсӣ гуруҳи калони аъзо ва кормандони ҲХДТ бо сафари корӣ
ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин рафта, аз ҳаёту фаъолияти ҳамватанони
бурунмарзӣ огоҳ мешавад ва барои тақвият бахшидани кори ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ
омўзиш мегузаронанд.
Дар сиёсати
хориҷии ҲХДТ, ки бо
роҳбарии
бевоситаи Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия мавқеи калидӣ доранд.
Ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин дар асоси созишнома беш аз 10 сол татбиқ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои ҳизбҳои сиёсӣ рушди наву динамикиро касб намудаанд. Саҳми бевоситаи раисони ҳизбҳои сиёсӣ дар ин марҳила хосатан таъкид мегардад.
20 октябр дар Дастгоҳи КИМ ҲХДТ вохӯрии Муовини
якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ Абдуқаҳҳор бо иҷрокунандаи вазифаи
сафири Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовир оид ба масъалаҳои сиёсӣ, ҷаноби Чэн Дайвэн баргузор гардид. Дар вохӯрӣ
муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии
Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён низ иштирок намуданд.
1 декабри соли 2021 суханронии муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ дар видеоконфронси байналмилалии ҳизби сиёсии умумирусиягии «Единая Россия» дар мавзӯи «Чолишҳои глобалии асри XXI: андозагирии байниҳизбӣ»
Роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия
|
Мирзомуддинов Саидбек
Идибекович |
Суроға: |
ш. Москва, кўчаи 2-юм Тверская-Ямская, хонаи 40/3 |
Телефон: |
+7 9268182420 +7 9121629197 |
Почтаи электронӣ: |