Эмомалӣ Раҳмон - ситораи қутбнамои Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2022-11-15
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ
ҳамчун рӯйдоди беназири сиёсию иҷтимоӣ сиккаи зари холисро мемонад, ки дар як
тарафи он анбӯҳи пурсишҳои ҳалталаб ва дар тарафи дигари он дурнамои посухҳои
умедбахш ҳаккокӣ шуда буд. Андаруни рӯйхати ҳамин пурсишҳо дарёфти сохти давлатдории
навин дар кишвари мо ба гунае барҷаста бозгӯ гардид. Пӯшида нест, ки масъалаи
интихоби ояндаи давлатдорӣ дар ҷумҳурии мо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба
миён омад. Дар оғози истиқлолияти давлатӣ баробари мақомоти мавҷудаи сиёсӣ боз
ду раванди асосии қудратхоҳ рӯи кор омад, ки мавқеъгирии онҳо бар пояи
пуштибонӣ аз арзишҳои миллӣ ва динӣ омезиши шадиди меъёрҳои демократию теократӣ
ва дунявию ухравӣ дошт. Ин қувваҳои нави сиёсӣ саъю талош мекарданд, ки андешаҳои
худро талқин намуда, пешоҳангиро дар масъалаи муайян кардани сохти давлатдории
ҷумҳурӣ тасарруф намоянд. Илова бар ин, эълони истиқлолият вазъияти сиёсиро
мураккаб гардонида, беқонунию бенизомӣ ва буҳрони идоракунии давлатиро ба вуҷуд
овард. Ин ҳолат ба беқурб шудани қонунҳои пештар амалкунанда ва ҳанӯз таҳия
нагардидани қонунҳои нав пайванди бевосита дошт. Муяссар нагаштани қабули
саривақтии Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии ҷумҳурии
моро дар солҳои 1990-92 ба вазъияти кишварҳои ҷангзада сахт монанд карда буд.
Вазъи пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе ҳам барои баргузор намудани ҳар гуна
чорабинӣ созгор набуд.
Аз ин рӯ, даъват ва
баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри
бостонии Хуҷанд оғози таҳаввулот ва гардиши куллӣ дар сарнавишти давлати ҷавони
Тоҷикистон гардид. Ин анҷумани мондагор бояд ба ду масъала ҷавоби сазовор ва
боэътимод медод: якум, оё вазъи ногувори сиёсию иҷтимоӣ, ҷангҳои бародаркушии
дохилӣ, ба гурӯҳҳо тақсим кардани мардум ва равандҳои ҷудоихоҳӣ идома меёбад ё
ба он хотима дода мешавад; дуюм, шакли давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
вазъияти кунунӣ чӣ гуна хоҳад буд?
Дар посухи ҳамин ду
масъалаи печида таъбири «Ман ба шумо сулҳ меорам»-и Сарвари анҷумани раҳоибахши
Шӯрои Олӣ ҳамаро ҳушёру бедор кард. Аҳли толор ҳамин суханро ончунон пазируфтанд,
ки гӯё пештар ҳаргиз онро нашунида буданд. Як муждаи тозае танинандоз шуд, ки
онро дар фалсафаи ирфонӣ вуқуфи малакутӣ ва дар урфи мардумӣ нишасти бози
давлат мегӯянд. Ин падида дурахши шахсияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва
оғози омади кори давлати ҷавони тоҷикон буд. Қазову қадар, тақдиру қисмат,
иродату машийяти илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки
бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва
таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии ҳамин фарзанди
оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст таҳаққуқ пазирад. Сарвари ҷавони тоҷикон дар
баробари нияти сулҳоварӣ 19-уми ноябри соли 1992 ҷасурона изҳор доштанд, ки
роҳи минбаъда ва сохти давлатдории ояндаи Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ,
ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Ва бо ҳамин мавқеи устувор тақдири давлатдории
навинро аз нигоҳи назарияи сиёсӣ поягузорӣ намуданд, ки он гарави саодати
миллати тоҷик ва шукуфоии Тоҷикистон гардид.
Маҳз ҳамин иҷлосияи
тақдирсоз се марҳалаи муҳимми рушди кишвари мо – оғози берун омадан аз буҳрони
амиқи сиёсию идеологӣ ва маънавию эътиқодӣ, расидан ба сулҳи пойдору ваҳдати
миллӣ ва пазируфтани фарҳанги созандагию бунёдкориро ҳамчун кафили бақои сиёсӣ
ва рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт зина ба зина муҳайё сохт. Вазъи печида
ва буҳронии ҳамон солҳоро Пешвои миллат ба муносибати бисту панҷумин солгарди
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ёдовар шуда, чунин баён карда буданд: “Иҷлосия дар
давраи мураккабтарини авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат: беҳокимиятӣ, сохторҳои
фалаҷшудаи идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, поймол шудани
Конститутсия, набудани кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва
шаҳрванд, аз ҷумла кафолати зиндагӣ ба ҳаёт, маҷбуран тарк кардани манзилу
макони зист ва гуреза шудани миллионҳо нафар ҳамватанони мо баргузор гардид.
Ҳангоми интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон
дар он лаҳзаҳои бисёр хатарнок хуб эҳсос ва дарк мекардам, ки масъулияти басо
вазнин, вале таърихӣ – гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, қатъи ҷанг, таъмин намудани
сарҷамъии миллат, яъне пешгирӣ кардани хавфи аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест
гардидани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва пароканда шудани миллати тоҷикро ба
дӯш мегирам”.
Воқеан, дар ҳамин
иҷлосия роҳбарияти нав интихобшудаи давлату Ҳукумат 15 қонун, 52 қарор, 6
фармон ва як изҳорот қабул карданд, ки ҳамчун санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҳамон
лаҳза мисли обу ҳаво барои бақои миллат зарур буданд ва умеде барои расидан ба
сулҳу субот ва сарҷамъ намудани мардуми кишвар пайдо шуд. Ҳуҷҷатҳои муҳимми
дар он рӯзҳо қабулшуда якбора имиҷи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро ба
ваҷҳи писандида тағйир доданд. Гардиши куллӣ ҷиҳати интихоби роҳи давлатдории
дунявӣ дар Тоҷикистон ҳамзамон зарурати таҳия ва қабули Конститутсияи давлати
соҳибистиқлоли тоҷиконро ба миён овард. Дар он давраи ноором ҳамзамон ҳайати
нави Комиссияи конститутсионӣ тасдиқ гардид ва ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин
раванд яке аз масъалаҳои муҳимме, ки қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз бояд ба
он посухи муътабари ҳуқуқӣ медод, мавзӯи озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин
дар шароити рушди мустақилонаи давлати ҷавони тоҷикон буд. Номуайянӣ дар
фаҳмиши ин масъала бархӯрди манфиатҳо ва тақвият ёфтани таассуби диниро дар ҷомеаи
шаҳрвандӣ буҳронӣ нигаҳ дошта метавонист, ки сабаби суиистифодаи неруҳои
таъсиргузори беруна мешуданд. Хушбахтона, дар матни моддаҳои 1, 8, 26 ва 30-юми
Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ заминаҳои меъёрию ҳуқуқии таҳияи
қонунҳои вобаста ба ин самти фаъолияти шаҳрвандӣ поягузорӣ гардид.
Рушди минбаъдаи ҳаёти
сиёсию иҷтимоии кишвар нишон дод, ки роҳбарияти олии сиёсӣ дар фаъолияти худ
таъмини принсипҳои усулии дар моддаи 1-уми Конститутсия баёншударо дар матни
тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ба хусус дар самти сиёсати давлатӣ дар бахши
дин пайгирона татбиқ намуд. Ҳамин буд, ки бо гузашти айём Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» 26-уми марти соли
2009, №489 қабул гардид, дар масъалаи озодии виҷдон баёни возеҳи фарҳанги
таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистиро дар пешгуфтори худ ғунҷоиш дод ва дар муайян
намудани ҳудуди муваффақонаи арзишҳои миллӣ ва динӣ нақши муҳим гузошт. Ва ба
қавли маъруф, мӯйро аз хамир моҳирона ва эҳтиёткорона ҷудо кард. Дар пешгуфтори
Қонуни мазкур баёни возеҳи фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистӣ чунин дарҷ
гардидааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии
пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат
ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо
арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси
мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи
Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад».
Бозгӯ намудани чаҳор
принсипи асосии ин пешгуфтор барои дарки моҳияти дунявият ва таҳаммулпазирӣ
доштани давлати муосири Тоҷикистон бисёр муҳим аст: якум, «ҳуқуқи ҳар кас ба
озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин». Ин принсип танҳо дар муҳити солими
дунявият ва таҳаммулпазирӣ татбиқи амалӣ пайдо карда метавонад. Ва он далели
гӯёи дурустии интихоби ҳамин роҳ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аст; дуюм,
«баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод».
Танҳо андаруни чаҳонбинии дунявӣ мумкин аст, ки баробарии пайравони дину мазҳабҳои
гуногун дар назди қонун ва таъмини адолати иҷтимоию судӣ имконпазир гардад;
сеюм, «муносибати эҳтиромона ва таҳаммулпазирона доштани давлати Тоҷикистон ба
тамоми дину мазҳабҳо». Маҳз принсипи дунявият доштани кишвари мо иҷозат
медиҳад, ки пайравони дину мазҳабҳои гуногун озодона ва бе мамониат фаъолияти
динию фарҳангии худро дар асоси қонунгузории амалкунанда пеш баранд ва ҳамзистии
комили онҳо таъмин карда шавад; чаҳорум, «эътирофи нақши махсуси мазҳаби
ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи
Тоҷикистон». Принсипи дунявият барои миллати тоҷик имкон фароҳам меоварад, ки
мероси маънавӣ ва динии ниёгони худро эҳтиром ва арҷгузорӣ намояд. Ин ҷо нақши
махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти
маънавии шаҳрвандони Тоҷикистон махсус таъкид гардидааст. Мазмуни баёни «бо
арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо» ҳамчунин далолат мекунад, ки
равияҳои дигари дини ислом, ба хусус таълимоти исмоилия низ дар таърих ва
ҳаёти маънавии тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Ҳамин қонун барои фаъолияти
озодонаи иттиҳодияҳои динии пайравони динҳои дигар ҳам дар қаламрави Тоҷикистон
заминаҳои устувори меъёрию ҳуқуқӣ муҳайё сохт ва шиддати авзоъро дар масъалаи суиистифода
аз арзишҳои динӣ фурӯ нишонд. Аз ин мавқеъ, интихоби дунявият ҳамчун абзори
воқеии таъмини озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, баробарӣ ва адами табъиз
дар асоси гароишҳои мазҳабию эътиқодӣ муайян гардид.
Ҳамчунин бояд гуфта
шавад, ки дар моддаҳои 8, 26 ва 30-юми Конститутсияи ҷумҳурӣ доир ба таъсиси
ҳизбҳои сиёсӣ, озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин фикру андешаҳои ҷолибе
ҷойгузин шуданд, ки барои тамоюли ҷомеа ба ҷониби секуляризм ва ҷаҳонбинии
дунявӣ сахт мусоидат карданд ва ба сари мардуми мо таҳмил шудани мазҳаби бегона
ва хатари бунёди давлати исломиро пешгирӣ намуданд.
Сазовори гуфтан аст,
ки маҳз иродаи мустаҳками сиёсӣ, заковат ва ғайрату матонати Пешвои миллат ва
пазируфтории мардум бақои давлатдории дунявиро дар ҷумҳурӣ устувор кард ва
амалӣ намудани ислоҳоти сиёсию фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, инфрасохторӣ,
таъмини мудирияти комили амудию уфуқӣ дар тамоми қаламрави кишвар, ҳимояи марзу
буми Ватан тавассути таъсиси Артиши миллӣ, эълони ҳадафҳои стратегӣ ва дар
маҷмуъ, зина ба зина беҳтар шудани некӯаҳволии мардумро имконпазир гардонид.
Гузашти сӣ соли сипаришуда ва баҳраи таҷрибаи рӯзгор бо тамоми тазодҳои ҳусну
қубҳ, сабукию мушкилӣ, осонию вазнинӣ, дастоварду нокомӣ, фаҳмидану
нофаҳмиданҳо, роҳёбию гумроҳӣ, худшиносию бехудӣ, садоқату хиёнат, имондорию
куфрпешагӣ, умеду навмедиҳо ва сулҳу ҷанг хостанҳо собит намуд, ки миллати
куҳанбунёди тоҷик бо шарафи таҷовузнопазир шиори «Тоҷикистон ба пеш»-ро парчами
шодурвон ихтиёр карда, зери сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон як раванди
мукаммали фарҳанги созандагиро андаруни эҳёи давлатдории навини тоҷикон рӯйи
кор овард. Ҳамин платформаи давлатдории санҷидашуда ва мутавозин дар фазои
сиёсии мо бархӯрди сахти ҷаҳонбинии дунявӣ ва ухравиро бартараф намуда, барои
ташаккули давлати дунявии усулан ва моҳиятан миллӣ пойдевори матин гузошт. Аз
ин ҷост, ки дар тамоми суханронӣ, вохӯрию мулоқот ва дастуру супоришҳои
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба аҳамияти таърихии интихоби роҳи дунявият
эътиборан аз минбари Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ситораи
қутбнамо барои таъмини ояндаи дурахшони миллати тоҷик бо исрор таъкид мешавад.
Файзулло БАРОТЗОДА –
раиси Комиссия оид ба
одоби вакилони
Маҷлиси намояндагони
МО ҶТ,
узви фраксияи ҲХДТ