Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор сазовори дастаи МТМУ №102 гардид

2022-11-15

Бо мақсади таҷлили сазовори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор барои дарёфти “Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор” доир гардид.

Дар ҷамъбасти мусобиқаи мазкур Изатуллои Ҳабибзод иштирок ва суханронӣ намуда, зикр дошт, ки мақсад аз роҳандозии мусобиқаи мазкур ин иҷрои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таъмини истироҳату фароғат байни ҷавонон, барқарор ва мустаҳкам намудани робитаҳои дўстиву рафоқат байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор ва муайян намудани дастаҳои ғолиб дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор ба шумор меравад.

Дар идома Изатуллои Ҳабибзод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор зикр дошт, ки мусобиқаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён” ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор роҳандозӣ гардид, ки барои таъмини оммавияти варзиш байни наврасону ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

Тибқи Низомнома мусобиқа дар се марҳила гузаронида шуд: марҳилаи интихобии I: аз санаи 24 октябр то 28 октябри соли 2022 дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, марҳилаи интихобии II: аз санаи 01 то 08 ноябри соли 2022 байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва марҳилаи (ниҳоӣ) III: қисми ниҳоӣ рӯзҳои 11 - 12 ноябри соли 2022 бо иштироки ғолибони сатҳи ҷамоатҳои шаҳрку деҳот гузаронида шуд.

Ҳамин тавр, дар даври ниҳоии мусобиқа 14 даста роҳ ёфтанд, ки байни худ сабқат намуданд.

Дар натиҷа дастаҳои МТМУ №102 сазовори ҷойи якум гардида, Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисорро ба даст овард.

Иттилоъ медиҳем, ки дастаи МТМУ №41 сазовори ҷойи дуюм ва дастаи МТМУ №53 сазовори ҷойи сеюм гардиданд, ки бо ҷом, медал ва диплом қадрдонӣ карда шуданд.

Илова бар ин, сардовар, доварон ва собиқадорони соҳаи варзиш бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.