ҶАМЪБАСТИ РЕЙТИНГИ ҲИЗБӢ ДАР ВМКБ

2022-11-11

Ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, роҳбарони кумитаҳои ноҳиявии ҳизб ва аъзои фаъоли он доир гардид.

Дар оғози ҷаласа Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳозиринро бо 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз фаъолияти густурдаву таблиғотии ҳизбиёни вилоят изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки ҳоло дар вилоят 388 ташкилоти ҳизбӣ бо фарогирии 14 472 нафар аъзо амал менамоянд.

Таъкид гардид, ки роҳбарони ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд қабл аз ҳама баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии ҳизб, пурзӯр намудани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, қабул сифатноки аъзои ҳизб, тарбияи дурусти насли наврас диққат равона намоянд ва дар муборизаҳои иттилоотӣ фаъолиятро боз ҳам пурзур намоянд. Зимни суҳбат, раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар қаламрави вилоят, аз ҷумла таҷдиди роҳи мошингард аз ноҳияи Дарвоз то сарҳади ноҳияи Рӯшон, бунёди силсисла нерӯгоҳҳои барқии обӣ, офтобӣ, сохтмони беморхонаю муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ёдовар шуд.

Гуфта шуд, ки ҳамаи пешравиҳои дар вилоят рӯйи кор омада, бо дастур ва супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои Сарвари давлат аз ҳизбиён масъулияти бештар талаб карда мешавад. Барои ҳамкориҳои судманд ва ва дастгирии фаъолияти босамари ҳизб, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо сипосномаи КИҲХДТ дар ВМКБ қадрдонӣ гардид.

Дар рейтинги ҳизбӣ барои нишон додани фаъолияти хубу босамар ҷойи аввалро ноҳияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон, ҷойи дуюм КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон ва ҷойи сеюмро КИ ҲХДТ шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ванҷ ба даст оварданд.

Ғолибон бо ифтихорнома, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ба ғолиби рейтинги ҳизбӣ, раиси КИҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон, калиди мошини хизматӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.