ҲХДТ Фирдавсӣ: сафи ташкилотҳои ибтидоӣ меафзояд

2022-11-11

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №128 бо сокинони маҳаллаи Обчакорон-2 вохӯрӣ баргузор гардид. Вохӯрӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ баргузор шуда, иштирокдорон вобаста ба риояи талаботи «Маромномаи сокини пойтахт», баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ ва риояи қонунҳои миллӣ ибрози андеша намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрӣ Абдураҳим Шоҳиён раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Ҳабибзода Аъзам муовини сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Ҳабибзода Аъзам вобаста ба «Маромномаи сокини пойтахт» иброз дошт, ки «халқи тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусияти миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондаанд. Душанбе, барҳақ, меросдори онҳост. Сокини пойтахт будан мояи ифтихор аст ва дар айни замон масъулияти бузург ҳам дорад, ки амалӣ намудани чунин дастур муҳимтарин вазифаҳои шаҳрвандиро тақозо менамояд».

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён оид ба нақши аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакат ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд. Рисолати аслии ин ниҳоди сиёсӣ аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, саҳм гузоштан дар рушду пешрафти ватани азизамон тавассути аъзо, ҷонибдорон ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ иборат аст.

Ёдовар мешавем, ки вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, риояи талаботи «Маромномаи сокини пойтахт», тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва риояи талаботи қонунҳои миллӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ин ниҳоди сиёсӣ дар Шӯрои маҳаллаи Обчакорон-2 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, 16 нафар сокинони маҳаллаи мазкур ба сафи ҲХДТ пайвастанд. Ба онҳо дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардид.

Ҳамзамон бо ин мазмун, бо сокинони маҳаллаи Гулпарвар-2 вохӯрӣ баргузор гардида, дар доираи он дар Шӯрои маҳаллаи Гулпарвар-2 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд. Дар кори маҷлиси муассисон роҳбарияти ташкилоти ҳизбии «Гулпарвар -2» интихоб шуда, шаҳодатномаҳои аъзои нави ҳизб супорида шуд.