АЁДАТИ ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МД “ЛИТСЕЙИ КАСБИИ МАЪЮБОН”

2022-11-11

10 ноябр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аёдати тарбиятгирандагони МД “Литсейи касбии маъюбон”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оростани дастархони идона бахшида ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” баргузор гардид.

Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои тарбиятгирандагони МД “Литсейи касбии маъюбон” ва ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд.

Дар чорабинии мазкур Хонзода Абдураҳмон – Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Мирзозода Иброҳим – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода Зарина – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Муродзода Манучеҳр – Директори молиявии ҶДММ “Маркази тиббии Насл” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур иброз гардид, ки Иҷлосияи тақдирсоз заминагузори асосии сохти давлатдории демокративу дунявию ҳуқуқбунёди Тоҷикистон мебошад. Баъд аз поягузории сохтори навини давлатдорӣ роҳи рушду тараққӣ барои Тоҷикистон боз гардид. Дар муддати сӣ соли таърихӣ, ки мегузарад, ормонҳои мардум дар ҷомеа амалӣ гаштанд, кишвари мо дар эъмори давлати мутамаддин ва рушдкунанда бо Сарварии пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар масири бунёдкориҳову созандагиҳо гомҳои устувору нерумандона мегузорад.

Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мактаби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад мебояд, ки ин таҷрибаро омӯхту омӯзонид.

Дастархони идонаи чорабинии мазкур бо дастгирии Маркази тиббии "Насл" ороста шуд.

Дар фарҷом баҳри болидаруҳии тарбиятгирандагони МД “Литсейи касбии маъюбон” чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.