“МУЛОҚОТИ СЕ НАСЛ" ДАР МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2022-11-11

Санаи 10-уми ноябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии се насл баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, муовинони раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қодири Қосим, Мансурӣ Дилрабо, вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рафиқа Мусоева, Адолат

Раҳмонова, Азиза Анварова, Худойқул Ҳамроқулов, Абдулваҳҳоб Саидмуродов, раиси Фраксияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Обидов Фозил, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Қабл аз оғози вохӯрӣ бо роҳбаладии масъулини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонон аз осорхона ва китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуда, баъдан аз тартиби баргузории ҷаласаи Саркумита дар толори китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ пайдо карданд.

Чорабинии мазкурро раиси Фраксияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Обидов Фозил оғоз намуда, ҳозиринро ба ифтихори ҷашнҳои бошукӯҳ -

30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, сипас муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қодири Қосим, баромад намуда қайд карданд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳми беназир дорад. Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода суханронӣ намуда, аҳли толорро ба ҷашнҳои муқаддаси дарпешистода муборакбод намуданд. Дар идомаи суханронӣ иброз доштанд, ки имрӯз якояки моро зарур аст, ки дар паҳлӯи Пешвои миллат рост истода дар пешбурди сиёсати хирадмандона ва дурандешонаашон бо тамоми қувва ва нерӯи доштаамон фаъолият намоем.

Ҳамзамон вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рафиқа Мусоева, Адолат Раҳмонова, Азиза Анваровна, Худойқул Ҳамроқулов, Абдулваҳҳоб Саидмуродов суханронӣ намуда, қайд карданд, ки баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва дар он интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ, гувоҳи он аст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дар интихоби роҳбар ва баргузории иҷлосияе, ки садсолаҳо интизор буданд, хато накарданд.

Гуфта шуд, ки бо сипарӣ гардидани 30 сол моҳияти ин рӯйдоди таърихиро дарк намуда, самараи онро дар амнияту осоиштагӣ, сулҳу субот, бунёдкорӣ ва рушду нумӯи кишвар метавон арзёбӣ кард. Иҷлосияи тақдирсоз дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлоли миллӣ ва дар бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона заминаи воқеӣ гузошт, ки барои ҳаёти минбаъдаи халқи тоҷик муҳиму саривақтӣ ба шумор меравад.

Дар идомаи вохӯрӣ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баромад намуда, вобаста ба раванди тезу тунди баргузории Иҷлосия ва марҳилаҳои ба даст овардани Истиқлоли комили кишвар аз хотироти ғании хеш қисса намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ ба як қатор вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.