ИҶЛОСИЯИ XVI ШЎРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН – АНҶУМАНИ САОДАТИ ХАЛҚ
2022-11-11
Таҳти
ин унвон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод
дар толори кумитаи иҷроия конференсияи илмӣ – адабӣ бо иштироки Саломатшо
Саъдуллоев - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод, Оятулло Додаров -
мудири шуъбаи маорифи ноҳия, номзади илми филология, директории коллеҷи
муҳандисӣ-техникии ноҳия Фаизалӣ Сангаков, мудири бахши ҷавонон ва варзиши
ноҳия Кумиддин Бобиев, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ робита ба ҷомеаи дасгоҳи
раиси ноҳия Эшонҷон Саидов, омўзгорону ҷавонони фаъол ва дигар аъзои ҳизб
иштирок доштанд.
Конфронсро
Саломатшо Саъдуллоев ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба иштирокчиён шинос кард.
Мавсуф қайд намуд, ки бо заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –
Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 1992 ба
ҳайси Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон интихоб гардиданнд ва то инҷониб барои таъмин
намудани сулҳу амният ва сарҷамъии мамлакат саҳми босазо мегузоранд. Барҳақ, Эмомалӣ
Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Сарвари давлат барномаи мукаммали
аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён
гузоштанд. Бо ташаббуси ин фарзанди фарзонаи миллат як қатор сандаҳои меъёрӣ
ҳуқуқӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ қабул гардид, ки заминаи таҳқими
қонуниятро дар мамлакат асос гузошт.
Дар
конфронс мавзуъҳои “Рўзи Президент ва моҳияти он”, «Нақши Иҷлосияи 16-уми Шўрои
Олии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ», «Иҷлосияи 16-ум – Иҷлосияи
тақдирсоз» ва «Сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аз Иҷлосия сарчашма
гирифтааст» тариқи маърўзаҳои илмӣ баррасӣ шуданд.
Дар
ҷамъбаст гуфта шуд, ки бо гузашти солҳо аҳаммияти таърихӣ ва тақдирсози
Иҷлосияи XVI Шўрои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи мо абадан боқӣ хоҳад
монд.