Семинар-машварати дастурдиҳӣ дар маркази тренингӣ
2022-11-10
Дар Маркази тренингии
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади тақвият бахшидани
фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ,
аз ҷумла баргузории муқоисакунии супоридани ҳаққи аъзогӣ семинар-машварати дастурдиҳӣ доир гардид, ки дар он муовинон ва
сармуҳосибони Кумитаҳои иҷроияи
шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Миралиён Қиёмиддин
Абдусалимзода -раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар оғози
семинар –машварат иброз дошт, ки таҳлилҳои омории солҳои охир аз он шаҳодат
медиҳанд, ки дар самти корҳои дохилиҳизбӣ ташкилотҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳо
талаботи Оиннома ва
низомномаҳои ҳизбиро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати баланд
бардоштани нуфузи ташкилотҳои ибтидоӣ чораҳои заруриро андешида истодаанд.
Зикр гардид, ки танҳо
дар як соли охир дар сатҳи ҷумҳурӣ тибқи талаботи Оинномаи ҳизб дар 6 ҳазору
509 ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳру ноҳияҳо маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ
баргузор гаштааст. Дар рафти маҷлисҳои мазкур дар қатори пешравиҳо ба камбудиҳо
низ диққати ҷиддӣ дода, дар радифи дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавзӯи ба низом
даровардани пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ
низ баррасӣ шуд.
Зимни масъалаи мазкур
муайян шуд, ки дар баъзе ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муқаррароти банди 3.9-и
Оинномаи ҲХДТ бо пуррагӣ иҷро намешавад. Дар асоси банди 7-и Низомномаи мазкур
раиси ташкилоти ибтидоӣ масъули сари вақт ҷамъ намудании ҳаққи аъзогӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ, ки ҳамзамон дар ҷадвали корӣ
муҳосиб низ доранд, имкон доранд, ки иҷрои саритвақтии банди мазкури
Низомномаро таъмин намоянд.
Дар рафти
семинар-машварати дастурдиҳӣ иштирокчиён оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти рӯзмарраи хеш аз
масъулон маслиҳатҳои муфид гирифтанд.