ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ-МАРКАЗИ КОРҲОИ ҲИЗБӢ

2022-11-10

Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ибтидоиро асоси ҳизб арзёбӣ намудааст, ки дар воқеъ кори ҳизбӣ бояд дар ташкилоти ибтидоӣ беҳтар гардида, ҷиҳати амалишавии Оиннома, Барнома ва дастур супоришҳои сохторҳои болоии ҳизбӣ тадбирҳои муассир ба роҳ монда шаванд.

Мутаасифона на дар ҳамаи ташкилотҳои ҳизбӣ фаъолияти ҳизбӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб дуруст ба роҳ монда шудааст.

Ташкилотҳои ибтидоӣ дар пешбурди фаъолияти ҳизбӣ мунтазам талош варзанд то ҳамқадами замон бошанд, усули фаъолияти худро бо назардошти таҳаввулоти сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир ба роҳ монда, ғояву барномаҳои навро пайваста омўзанд ва дар фаъолияти худ истифода баранд, ки ин яке аз вазифагузориҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ мебошад. “Ин ҳадафҳои наҷиб танҳо дар сурате амалӣ хоҳанд шуд, ки ҳар як узви ҳизб масъулиятшинос бошад, сарфи назар аз мақому мансабу вазифа бояд дар доираи имконияту салоҳиятҳои худ ва бо қобилияти ташкилотчигӣ, донишу маърифати баланди сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа саҳм гузорад.

Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки нуфузу обрўи ҳизб аз фаъолият ва амалу рафтори ҳар як узви ҳизб вобаста аст. Аъзои ҳизб набояд аз нуфузу обрўи ҳизб барои манфиатҳои шахсӣ истифода намояд, баръакс, бо амалҳои созандаи худ нуфузу обрўи ин мактаби бузурги сиёсиро, ки дар байни халқ ҷонибдорони зиёд дорад, баланд бардорад”.

Соли 2022 барои ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Ҳисор давраи амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин давра ташкилотҳои ҳизбӣ бо ташаббусу навовариҳои зиёде дар самтҳои гуногуни фаъолият баромад намуда, мавқеи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ҷомеа мустаҳкам намуданд.

Тибқи нишондодҳои ҳисоботи оморӣ имрӯзҳо дар шаҳри Ҳисор 116 ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти сиёсӣ доранд, ки дар онҳо 11345 нафар аъзои ҳизб муттаҳид шудаанд. Бо бурдани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва расонидани моҳияти Оиннома ва Барномаи ҳизб мо тавонистем, ки моҳи октябр аввалин Кумитаи иҷроияи ибтидоиро бо номи “Маорифчиён” таъсис диҳем, ки 3066 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид менамояд.

Тибқи нақша тасмим дорем, ки то охири сол боз ду Кумитаи иҷроияи ибтидоии дигар дар Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии шаҳрии шаҳри Ҳисор таъсис диҳем, ки барои расидан ба ин ҳадаф корҳои ташкилӣ ба сомон расонида шудаанд.

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти

давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар шаҳри Ҳисор 35-ташкилоти ибтидоии нави ҳизбӣ таъсис дода шуд, ки барои татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусоидати фаъол карда истодааст.

Дар шаҳри Ҳисор зарфият ё худ захираҳо ҷиҳати таъсиси ташкилоти ибтидоӣ хеле зиёд аст ва дар ин самт Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор корҳои таблиғотиву ташвиқотиро вусъат бахшидааст.

Дар самти қабули номзадҳо ба сафи ҲХДТ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад, мо ҷавонони ватандӯсту хештаншинос ва онҳоеро, ки ба Ватан содиқанд бештар ба сафи ҳизб аъзо менамоем.

Ба ибораи арзишманди Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мо бояд аз ҳисоби ҷавонон онҳоеро ба сафҳои ҳизб қабул кунем, ки оиннома ва барномаи онро эътироф мекунанд, ба ормонҳои он содиқанд ва аз узвият дар ҳизби мо ифтихор менамоянд”.

Тавре, ки дар боло ишора кардам, ташкилоти ибтидоӣ – маркази корҳои ҳизбӣ мебошад ва ҷиҳати босамар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар шаҳри Ҳисор дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон озмуни “Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ” аз рӯйи шарт ва номинаҳои “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ”, “Таблиғотчии беҳтарини ҳизбӣ аз ҳисоби собиқадорон, бонувон ва ҷавонон”, “Таблиғотчии беҳтарин дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ”, “Беҳтарин утоқи ҳизбӣ”, “Беҳтарин бахши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва “Фаъолтарин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” роҳандози гардидааст.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур ин беҳтар намудани самти фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва дар асоси талаботҳои мавҷудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб ба роҳ мондани фаъолият, муайян ва истифодаи таҷрибаи фаъолияти пешқадами ташкилотҳои ибтидоӣ дар дигар сохторҳои ҳизбӣ, ҷалби бештари ташкилотҳои ибтидоӣ ба ҳаёти сиёсии мамлакат дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Илова бар ин, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2022 маҳфил-озмунҳои “Нақши ҷавонон дар шинохти асолати миллӣ” ва “Забони миллат – ҳастии миллат” гузаронида шуд, ки барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии ҷавонон ва дар ниҳоди онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ замина хоҳад гузошт.

Ҳамзамон бо ин ҳоло мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди воллейбол барои дарёфти “Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор” роҳандозӣ гардидааст, ки дар арафаи таҷлили 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст хоҳад гашт.

Иқдоми созгоре, ки бахшида ба 28-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия-ба ҳар хонадон!” аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор роҳандозӣ гардид, иқдоми наҷиб арзёбӣ мегардад. Зеро дар аксияи мазкур бо усусли хона ба хона ба сокинони шаҳри Ҳисор китоби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Мақсад аз роҳандозии аксияи мазкур ин мавҷуд будани Конститутсия дар ҳар як хонадон, эҳтиром ва риояи муқаррароти қонуни асосии кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ифтихор нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба одати доимии шаҳрвандон табдил додани риояи қонунҳои амалкунанда мебошад.

Илова бар ин, иқдоми мазкур ба шаҳрвандони мамлакат ҷиҳати бештар бархурдор гардидан аз меърёҳои конститутсия ва ҳуқуқҳои хеш мусоидат менамояд.

Дар аксияи “Конститутсия -ба ҳар хонадон!” китоби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули хона ба хона ба сокинони шаҳри Ҳисор тақдим карда шуд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор иқдоми мазкурро дар оянда низ бо фарогирии бештар ба роҳ хоҳад монд.

Дар самти таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, таҳаммулпазирӣ, мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Ҳисор иқдоми шоиста ва ногузирро роҳандозӣ намуда, дар ин самт ба комёбиҳо ноил гардидаанд.

Бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати аъзои ҳизб аз 23 август то 03 ноябри соли 2022 маъракаи муқоисакунии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида шуд, ки ҷараёни маъракаи мазкур зери назорати ҷиддии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор қарор гирифт.

Аз муқоисакунии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоӣ асосан ҳолати беҳаракатии узви ҳизб ва ё саривақт аз қайд набаровардану пешниҳод накардани маълумоти оморӣ муайян карда шуда, шумораи шахсони номаълум, ки бо ташкилот алоқаашон канда шуда ва ҷойи зисту фаъолияташон номуайян мебошад, кам нестанд.

Масъалаи дигаре, ки имрӯз дар пешбурди корҳои дохилиҳизбии Кумитаи иҷроия қарор дорад, ин алоқа бо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Бояд гуфт,ки ҳадафи асосии гузаронидани муқоисакунӣ танҳо аз ҳайати ҳизб хориҷ намудани аъзои ҳизб набуда, балки сифатан беҳтар намудани ин раванд ва таҳти назорати доимӣ қарор додани ҳаракати аъзо ҳизб дар доираи низомномаҳои ҳизбӣ маҳсуб меёбад.

Боиси сарафрозии зиёд аст, ки ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Ҳисор дар маъракаи сиёсии “Обуна-2023” ба нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ” фаъолона ширкат намуда, уҳдадориашонро пеш аз мӯҳлат ба анҷом расониданд.

Ҳамин фаъолнокии ташкилотҳои ҳизбии шаҳр буд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор 26 сентябри соли 2022 аз иҷрои нақшаи “Обуна-2023” ба нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ” ба КИМ ҲХДТ мужда расонид.

Ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Ҳисор ягона минбари озод ва таблиғкунандаи таҷрибаи пешқадами ҳиёзбиёнро дар нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ” медонанд ва пайваста онро дастрас ва мутолиа менамоянд.

Дар самти корҳои таблиғу ташвиқотӣ ҳарчанд сомнаи расмии Кумитаи иҷроия http://hhdt-hisor.tj/, саҳифаи иҷтимоӣ дар facebook- ҲХДТ Ҳисор ва дар https://www.instagram.com/ - hhdt.hisor фаъол бошад ҳам, вале нашри хабару гузоришҳо то ҳол моро ҳанӯз қаноатманд карда наметавонад. Тасмим дорем, ки ҷиҳати мутобиқ намудани корҳои таблиғотӣ ба меъёрҳои замони муосир дар ояндаи наздик тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем, ки барои расидан ба ин иқдомот патенсиали кадрии хуб дар шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор мавҷуд мебошад.

Вазъи ноустувори сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки беш аз ҳарвақти дигар барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш намоем. Нагузорем, ки ягон гурӯҳ ё афроди нотавонбин суботи сиёсии ҷомеаро халалдор намояд. Дар ин самт ташкилотҳои ҳизбӣ бояд бештар бо мардум корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ доир намоянд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои

миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷуман ҳизб зикр доштанд: “Фаъолияти таблиғотӣ бояд ҳамчун мактаби тақвияти фарҳанги сиёсии мардум барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии ҷомеа хизмат намояд.

Рисолати мо, ҳизбиён аз он иборат аст, ки ба истиқболи мардум равем, сухани онҳоро шунавем ва масъалаву мушкилоти мавҷударо дар доираи имкониятҳоямон ҳаллу фасл намоем. Яъне мо бояд бо ғояҳои созандаву ободгаронаи худ ба дили мардум роҳ ёбем ва нуфуз пайдо кунем....

Ҳар як узви ҳизби мо бояд ба ҳадафҳои пешгирифтаи он эътимоди қавӣ дошта, дар ҳама ҳолат ба кори ҳизб ва ғояҳои созандаи он содиқу устувор боқӣ монад”. Дар баробари муваффақияту дастовардҳо, дар фаъолияти баъзе ташкилотҳои ҳизбии шаҳр камбудиву норасогиҳо аз ҷумла баргузории саривақтии маҷлисҳои ҳизбӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, инъикоси фаъолият дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасанд, ки давра ба давра масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти ташкилотҳои ҳизбӣ онҳоро бартараф намуда истодаанд.

Изатуллои Ҳабибзод, раиси Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор