Тағйироти кадрии ҳизбӣ дар шаҳри Кӯлоб
Чанде пеш бо иштироки
муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, Раиси
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин
Миралиён, узви Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода
Бахтиёр, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, вакилон,
намояндагони баъзе ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳрӣ маҷлиси васеи КИ ҲХДТ дар
шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Маҷлиси мазкур бо дарбаргирии 3 масъала гузаронида
шуд.
Аз руйи масъалаи якуми
маҷлиси мазкур нахуст Асозода Ҳотамшо, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри
Кӯлоб ҳисоботи роҳбари гуруҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб дар
самти татбиқи ташаббусҳои ҳизбиро дар шаҳри Кӯлоб пешниҳод намуд.
Аз руйи масъалаи дуюм
тағйирот ба ҳайати Кумита ва Раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб муовини Раиси ҲХДТ
Латифзода Асрор изҳор намуданд, ки дар асоси банди 4,19 Оинномаи ҲХДТ раисони
Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои интихоб шудан дар
маҷлисҳои кумитаҳои иҷроия аз ҷониби Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
пешниҳод карда мешавад. Бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан Шарифзода
Гулрухсор аз вазифаи Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб озод карда шавад.
Раёсати Кумитаи
Иҷроияи Марказии ҳизб ба Шарифзода Гулрухсор барои фаъолияти пурсамарашон
изҳори сипосу миннатдорӣ баён карда, дар корҳои минбаъдаашон барору муваффақият
таманно намуданд.
Ҳамин тариқ, бо
розигии Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Салим Сайвализода
барои интихоб шудан ба вазифаи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб пешниҳод гардид.
Бо ҷонибдории аъзои
Раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода вазифаи Раиси КИ ҲХДТ дар
шаҳри Кӯлоб интихоб гардид.
Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр баромад намуда, миннатдории аъзои Раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро ба Г.Шарифзода расонид.
Бо истифода аз фурсати муносиб Шарифзода Гулрухсор барои хизматҳои шоён ва саҳми арзанда гузоштан дар тадбиқи ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.