Дастовардҳои Истиқлолият аз татбиқи ғояҳои олии Иҷлосияи 16-ум Шӯрои Олӣ ба даст омадаанд

2022-11-09

Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузашти айём боз ҳам ҳамаҷониба нақши муҳимми худро барои мо, барои имрӯзу ояндаи мардуми кишварамон ифода хоҳад кард. Дар асл ин Иҷлосия на танҳо таърихӣ ва тақдирсоз, балки иҷлосияе буд, ки дар таърихи навини дунё назир надорад ва маҳз бо шарофати ин Иҷлосия тамоми қаламрави кишвари маҳбубамон рӯз то рӯз гул-гул мешукуфанд ва мардумаш бо ояндаи нек боварӣ доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

Аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ карданашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Ҳамзамон, Раиси тозаинтихоби кишвар мақсад ва ҳадафи асосии худро чунин баён карда буданд: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам».

Воқеан ҳам баъдтар Роҳбари Давлат ба ин ваъдаю нияти худ устувор монда, то кишвари ҷангзадаи Афғонистон рафта, охирон гурезааҳоро баа Ватан баргардонидаа, ба ҷинояткорону душманон гузашт намуда, сулҳи воқеиро устувор намуданд.

Сарвари тозаинтихоби давлат ва сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз вазъи ноороми пойтахти кишвар ва таъмин набудани амният, якҷо бо роҳбарони навтаъини мақомоти давлатӣ пас аз Иҷлосияи таърихӣ бо ҷасорати бемисл ба шаҳри Душанбе ворид шуда, ба фаъолият шуруъ намуданд. Ин фарзанди фарзонаи миллат барои ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар дар мадди аввал фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои ҳокимияти давлатиро барқарор намуда, низоми идоракунии давлатиро ба роҳ монданд. Қувваҳои Мусаллаҳ бе ягон заминаи меросии моддию техникӣ дар ҷойи холӣ таъсис шуданд. Дар ин замина, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аъзои гурӯҳҳои муташакили ҷиноятӣ безарар ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки он барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар мусоидат намуд.

Бояд қайд намуд, ки Иҷлосияи ХVI масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад. Ба шарофати роҳи муайяннамудаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва бо нияти татбиқи қарорҳои он халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва бо мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шуданд. Эълон шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба тамоми он қувваҳое, ки даъвои дигари идеологиро нисбат ба сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон пеш мегузоштанд, зарбаи қатъӣ ва ҳалкунанда буд. Дунявият ҳамчун иродаи мардум эътироф гардид ва бояд зикр кард, ки ҳамин омил яке аз сабабҳои асосии сар задании ихтилоф дар кишвар маҳсуб меёфт. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ, таъсиси ҳукумат, ки идомаи мантиқии қарорҳои дар Иҷлосияи ХVI қабулгардида мебошанд, ба устувор намудани пояҳои давлатдорӣ заминаи мустаҳкам гузоштанд.

Рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, маҳз дар Иҷлосия дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон тасдиқи худро ёфтанд.

Ҳамин тариқ, дар Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ бо ташаббуси бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон зербинои кохи бегазанди сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон гузошта шуд. Сарвари давлат бо такид мегуфтанд, ки дастоварди бузургтарини мо, ки на танҳо наслҳои имрӯзаи кишвар, балки наслҳои оянда низ бо ифтихор ба забон хоҳанд овард, таъмини сулҳу осоиши миллат ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки дастовардҳое, ки имрӯз ба сифати арзишҳои миллию давлатдорӣ эътироф шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ месозанд, ки дар заминаи татбиқи ғояҳои олии Иҷлосияи 16-ум Шӯрои Олӣ ба даст омадаанд.

Манзура Ёрматова,

Раиси Ташкилоти ибтидоии ҲҲДТ

ба номи “Пӯлод Атаев”-и шаҳри Хуҷанд