КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ЗАМИНАИ ТАҲКИМ ВА РУШДИ АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ДОИР ГАРДИД

2022-11-05

Ба истиқболи 28-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супориши Роҳбарияти ҲХДТ, бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Созандагони Ватан”, Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Заминаи таҳким ва рушди асосҳои ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ шахсони бонуфузи кишвар, вакилони ҷавони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, аъзои Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, роҳбарони намояндагии ташкилот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва васоити ахбори давлатию ҳизбӣ иштирок доранд.

Нахуст, конференсияро Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аҳмадзода Оятулло ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки Конференсияи имрӯза дар аёме доир мегардад, ки илова ба 28 солагии қабули Конститутсия боз ҷашнҳои муқаддасу таърихӣ-30-солагии баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешорӯйи мо қарор доранд. Маҳз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки ба миллати тоҷик фарзанди баруманду хештаншинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадя гардад.

Сипас, бо сухани табрикотӣ муовини Раиси ҲХДТ, Латифзода Асрор Қурбон баромад намуда, ёдовар шуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхуҷа Урунхуҷаеви шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, воқеъан иҷлосияи таърихӣ буда боиси ифтихори ҳар шахси ватандўсту худогоҳи миллати тоҷик мебошад. Зеро замоне, ки Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешуд, бисёр замони вазнин ва ҳассос буд. Маҳз ҳамин иҷлосияи таърихӣ буд, ки давлати тоза соҳибистиқлоли мо, ки хатари нобудшавӣ дошт бо талошҳои пайвастаи фарзанди баруманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав барқарор шуд.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи шоистаи давлатдории миллӣ маҳсуб ёфта, боиси омузишу таҳқиқ аст. Шароити тазоди ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки беш аз пеш дар атрофи Роҳбари хирадманду маърифатпешаи худ гирд омада, нагузорем, то нохалафе суботу оромии моро халалдор созад.

Сухани навбатӣ барои ироаи маърӯза дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - қонуни асосии давлат ва ҷомеа” ба доктори илмҳои ҳуқуқ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмудзода Маҳкам Аъзам манзур гардида, мавсуф иброз намуданд, Конститутсияи кишвар ҳуҷҷатест, ки таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ тавассути он татбиқ мешаванд. Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худро амалӣ менамояд. Он ба ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст ва ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.

Дар мавзӯи “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон - оғози давладории навини тоҷикон” вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меликзода Парвина баромад намуда, иброз дошт, ки ҳама пешрафту нумўи давлати навини тоҷикон аз файзу баракати Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ гардидани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат фурӯзон гашт ва ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард.

Собиқадори меҳнат, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусоева Рафиқа Ғаниевна зимни маърузаи хеш аз он даврони ҳассосу пуртазоди нахустмарҳилаи истиқлолхоҳӣ ёдовар шудаанд. Хело бамаврид қайд намудаанд, ки имрӯз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷаста масъулиятро бар душ гирифта, собитқадамона ба суи ҳадафҳои муайяншуда меравад ва дигаронро бо худ ҳамроҳ мебарад. Маҳз ҳамин гуна хусусиятҳои сарварӣ бо роҳбари кишвари мо имкон доданд, ки дар муддати кӯтоҳ оқибатҳои манфӣ ва хисороти молиявии кишварро, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ мерос монд, бартараф намуда, Тоҷикистонро ба як кишвари сулҳу субот ва амн табдил диҳад. Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳад кард, ки маҳз дар давраи президентии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ амалӣ гардида, кишвари мо дар радифи кишварҳои амн ва пешқадами минтақа ҷойгир гашт.

Сипас, Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, муовини аввали директори Маркази қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши меҳварии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ” маърӯза намуданд. Номбурда зикр намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули афкори пешқадами кулли мардуми кишвар буда, таҳти роҳбарии хирадмандона ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Дар Конститутсия арзишҳои олии ҳаёти ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ, эътирофи волоияти қонун, эътирофи арзишҳои олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва монанди ин таҷассуми худро ёфтаанд.

Дар мавзӯи “Иҷлосияи Шӯрои Олӣ – дастоварди бузурги миллат” номзади илмҳои ҳуқуқ, Ёрдамчии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳсаидзода Шаҳбоз баромад намуда, зикр намуданд, ки миллати тоҷик он рӯзҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз хотир фаромӯш накардаанд, зеро ин ҷанги таҳмилӣ ба миллати тоҷик хисороти зиёди ҷонию молӣ ба бор овард. Дар лаҳзаҳои барои кишвар ва миллат душвор баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон як рӯйдоди фараҳбахшро сабт намуд, ки роҳи ояндаи давлатро муайян ва пояҳои устувор гузошт.

Барои ироаи маърӯза дар мавзӯи “Ҷавонон дар меҳвари мактаби давладории Пешвои миллат” донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қирғизбекова Перўза ба сухан баромада, иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳаммияти калидии ин ниҳоди давлатӣ як қатор қонунҳои дахлдор ба тавсиб расонида, мо ҷавонони даврони Истиқлол бо сарварии Пешвои миллатамон бо такя ба таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллат, забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва маданияти миллӣ барои ҳифзу ҳимояи Ватани азизамон, ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу субот, ҳифзи истиқлолият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини зиндагии арзандаи халқ ва ҳифзи манфиатҳои миллиамон талош менамоем.

Дар асоси таклифу пешниҳодҳои иштирокчиёни конференсия ҷиҳати қабули Муроҷиатнома аз ҷониби гурӯҳи ташаббускор матни Муроҷиатномаи иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Заминаи таҳким ва рушди асосҳои ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 28-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муовини якуми Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Изатуллои Ҳабибзод ироа гардид.

Дар анҷом иброз гардид, ки воқеан Истиқлолу озодӣ барои миллати тоҷик арзишмандатарин ва муқаддастарин дастовард ба шумор рафта, ҳифзу таҳкими он аз ҳар яки мо масъулият ва худшиносии миллиро тақозо менамояд. Мо дар сурате ба моҳияти ин арзиши воло мерасем, ки ба гузаштаи начандон дури таърихи ҳастии миллати хеш назар андозем ва мушкилоту ноумедиҳои ниёгонамонро биомӯзем.