“30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ”. ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВИИ ҲХДТ ДОИР ГАРДИД

Дар Муассисаи давлатии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, як қатор раисони кумита ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, собиқадорони ҳизб, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва сохторҳои шаҳрӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолон бо шиору овезаҳои ҷашнӣ иштирок намуданд.

Дар даҳлези театр намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, фурӯши асарҳои тозанашри илмию бадеӣ низ доир гардид. Дар гӯшаи дигар навозиши зиндаи мусиқии классикӣ (квартет) аз ҷониби ҳунармандони театр танинандоз буд.

Дар толор қабл аз оғози чорабинии расмӣ тавассути монитори бузург филми ҷашнӣ манзур гардонида шуд. Моҳияти филм аз инъикоси марҳилаи созандагӣ, бунёдкории Пешвои муаззами миллат дар зарфи 30 соли охир, нақши ҲХДТ дар ин раванд ва натиҷагирӣ аз аксияи ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» қисса мекард.

Ҳамоиши идонаро муовини якуми Раиси ҳизб Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ифтитоҳ намуда, аз номи Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳозиринро ба ифтихори ҷашнҳои шукуҳманди Ватан таҳният гуфт.

Мавсуф зикр намуд, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва ин рӯйдодитаърихӣ собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоно буда, пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад.

- Муҳимтарин дастоварди Иҷлосия тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл кардани тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад, - иброз дошт Абдуҷаббор Азизӣ. - Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф пирӯз гардад, ризояти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад. Аз ҳама муҳим, дар ин Иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, аз ҳамон рӯз инҷониб ин шахсияти ватандӯсту дурандеш ва хирадманду тавоно барои муттаҳид намудани мардум, таъмини сулҳу суботи комил ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар ба корномаҳои тақдири тарихӣ оғоз намуданд.

Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд ва он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Бо гузашти айём мо саҳифаҳои таърихи миллатро мисли саҳфаҳои китоби ҳикматомӯз варақгардон мекунем ва аз арзишу аҳаммияти ин иҷлосия дар сарнавишти миллат воқиф мегардем, ки нақши бориз, муҳим ва муассир дорад. Аҳаммияти Иҷлосия дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ, воқеан беназир арзёбӣ мешавад.

Дар идомаи ҳамоиш таъкид гардид, ки Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳаммияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як силсила чорабиниҳои гуногунҷанбаро роҳандозӣ намудааст. Баргузории аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба ин ҷашн аз муҳимтарини иқдомҳост, ки он сайру сафари воқеиву маҷозии худро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ – аз вилояти Суғд то Бадахшону Хатлону Раштону ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат бахшидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки албоми мазкур аз санаи 12-уми сентябр то имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат тантанавор ворид гардид. Дар ҳошияи баргузории аксияи мазкур кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ, мулоқоту вохӯриҳо, ҳамоишҳо ва конфронсҳову нишастҳо бо иштироки вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ҳизб ва ҷавонон баргузор намуданд. Маросими анҷоми ин маъракаи азим имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардида ва тантанаи комили он дар Қасри Арбоби вилояти Суғд доир хоҳад шуд. Албом-Эстафетаи мусаввар чун бузургтарин оиннаи корномаи Пешвои муаззами миллат ба Осорхонаи ин қасри таърихию фарҳангӣ эҳдо мегардад.

Дар вазъи тантанавӣ ҳадяи пурмуҳтавои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз - “Албом-эстафета”-и ҷашнӣ ба толор ворид карда шуд.

Дар идомаи суханронӣ Абдуҷаббор Азизӣ таъкид дошт, ки Тоҷикистон дар нимаи соли 1992 бо ҳодисаву воқеаҳои худ дар сархати расонаҳои тамоми дунё қарор гирифт. Дар он рӯзҳои даҳшатбор нақшаи ба қисматҳо пора намудани давлати нави тоҷикон ба миён гузошта шуд. Қувваҳои сиёсии дохилӣ, ки манфиатҳои гуруҳию ҳизбии худро аз ҳама боло мегузоштанд, ҳар кадоме бо хостаҳо ва майлу иродаи худ талош менамуданд мавқеи худро устувор намоянд.

Дар ҳамон лаҳзаҳои пурфоҷеа кишвари мо ва мардуми он ба роҳбаре ниёз дошт, ки пеши роҳи ҷанги даҳшатбори шаҳвандиро бигирад ва кишварро аз нобудӣ ва завол раҳоӣ бахшад.

Роҳбари нави интихобшуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Иҷлосия барномаи роҳи ояндаи Тоҷикистонро эълом доштанд. Дар заминаи санадҳои сарнавиштсози таърихӣ ва руҳияи ваҳдатсози Иҷлосияи шонздаҳум муяссар гашт, ки таҳкурсии ваҳдати миллӣ ба миён оварда шавад. Ба ибораи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Маҳз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ заминаи низоми нави давлатдории тоҷикон, яъне асосҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд».

- Фидокориву ҷоннисорӣ ва корномаҳои беназири Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳёи давлати тоҷикон, барқарор кардани сулҳу ваҳдат ва сарҷамъ кардани миллат нақши муассир гузоштанд, - иброз намуд А.Азизӣ. - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ самараҳои истиқлол буда, бо ташаббуси Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон ёфтааст ва ҳадафҳои оинномавию барномавии он амалисозии орзуву ормони мардум, тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва беҳдошти рӯзгори ҷомеаро дар ҳадаф дорад. Дар ин раванд дар даврони сулҳу субот ва оромии кишвар бояд паҳлӯ ба паҳлу саъю талош намоем ва дар рушду нумӯи ин сарзамини биҳиштосо пайваста заҳмат кашем ва дар ин талошҳои созанда пайрави ҳақиқии Пешвои миллат бошем.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод дар баромади пурмуҳтавои худ дар бораи нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон суҳбат намуда, ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ шодбош гуфт.

- Тайи ин давра мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби мамлакат, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносӣ ва рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузорем, - зикр дошт М. Пайшанбезода. Аз ин лиҳоз, ин санаи фархунда барои мо ҳам мояи ифтихор ва ҳам масъулияти бузург ба хотири ояндаи нек мебошад.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло зимни баромади худ иброз дошт, ки фаъолияти мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар мустаҳкам намудани заминаҳои ҳуқуқии Истиқлоли кишвар шуруъ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бағоят бузург аст.

Адолат Раҳмонова ва Рафиқа Мӯсоева аз ҷумлаи занҳои ғаюру ҷасур ҳастанд, ки бо мавқеъгирии худ барои барқароркунии ҳокимияти конститутсионӣ саҳми муносиб гузоштанд ва иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи таърихӣ буданд. Онҳо нақши ин рӯйдоди таърихиро дар пойдории давлату миллати тоҷикон басо арзанда ва муҳим арзёбӣ намуданд.

Иштирокчии Иҷлосия Абдуваҳҳоб Саидмуродов низ аз хотироти бою рангини худ ва саҳми Пешвои муаззами миллат дар марҳилаи бузурги созандагӣ ҳикоят намуд. Гуфта шуд, ки Иҷлосияи тақдирсоз кишварро аз коми ҳалокат раҳонида, зимоми давлатдориро ба дасти ҷавонмарди меҳнатпараст ва хирадманду худогоҳ Эмомалӣ Раҳмон супорид. Минбаъд дар мамлакат марҳилаи рушди ҳамаи бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ шуруъ шуд.

Дар баромадҳо қайд гардид, ки бо ташаббусу корнамоӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷик сарҷамъ шуд ва дар муттаҳидӣ давлатро дар чашми аҳли олам бо рушду камоли беамсол ва симои биҳиштиаш рӯнамо карданд. Ҷавонон бояд бидонанд - бунёди ҷомеаи озод, ки барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, аз талаботи воқеияти имрӯза мебошад. Он ҳадафи бузурге, ки Пешвои миллат дар назди худ гузоштаанд, яъне ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баровардани давлати тоҷикон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ҷавонони мо то чӣ андоза барои азхудкунии дастовардҳои илму техника, омӯхтани забонҳо, маърифати арзишҳои нави башарият кӯшишу ғайрат нишон медиҳанд.

Дар идомаи ҳамоиш намояндаи ҷавонони кишвар, ҳамсоли Истиқлол, муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Дониш”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Ҷамолиддин Шарипов сухан кард.

Махсус таъкид гардид, ки Пешвои муаззами миллат ҷавононро ояндаи давлату миллат номида, баҳри рушди заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд. Моҳияти ин таъкид дар маърӯзаи донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Зиёратмо Ҷумахонова низ садо дод.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ таъкид дошт, ки маҳз бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузургашон дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шудааст.

Барои мо – ҳизбиён ҳаёт ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, хизмат ба Ватан ва ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад.

Бо шарофати Ваҳдат, ягонагӣ ва ҳамдилӣ барои пешрафти иқтисодиёти ҳамаи минтақаҳо шароит фароҳам оварда шуда, дар саросари кишвари мо дигаргуниҳои бесобиқаи таърихӣ ба вуҷуд омаданд.

Сиёсати давлат ва Президенти муҳтарами мамлакат, ки амнияти осоиштагӣ, пешрафту сарсабзӣ ва беш аз пеш баланд бардоштани некуаҳволии халқро ҳадафи асосии худ қарор додаанд, аз ҷониби мардум гарму ҷӯшон истиқбол гардида, ҳамраъйӣ ва ҳамовозии комили ҷомеаро ба вуҷуд овардааст. Ин ҳадафҳои бузург ҳамаи моро ба меҳнати софдилона ва бунёдкориҳои нав ба нав илҳом мебахшад.

- Мо итминони комил дорем, ки ҳар фарди бедордили кишвар дар татбиқи барномаҳои азим ва сарнавиштсози Пешвои муаззами миллат саҳми муносиб мегузорад ва дар амри ободии Ватани муқаддаси мо корномаҳои роҳбари ҷаҳоншумули худро сармашқи ибрат месозад, - ҷамъбаст намуд Абдуҷаббор Азизӣ.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш аз ҷониби ансамблҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунармандони театри опера ва балет барномаи рангини консертӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.