Маросими ҷоизасупории мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур”

2022-10-25

Маросими ҷоизасупории мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футболи хурд байни дастаҳои варзишии муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки Каримзода Нилуфар, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Ҳомидзода Насим, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Сароғоз, варзишгарон ва меҳмонони чорабиниро ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуданд.

Мусобиқаи варзишии мазкур барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур”, ки бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур тули чанд рӯз давом намуд, дар лаҳзаҳои тантанавӣ анҷом ёфта, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар ин мусобиқа:

Ҷойи 3-юм насиби дастаи футболбозони Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов гардид. Ҷойи 2-юм насиби дастаи футболбозони Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ гардид. Ҷойи 1-умро бошад, тими футболи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соҳиби гардид.

Дар интиҳо ғолибони мусобиқа бо туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, диплом ва ҳамаи ҳайъати дастаҳо бо медалҳо қадрдонӣ гардиданд.

Ҷоми мусобиқаро Каримзода Нилуфар, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Ҳомидзода Насим, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба сардори даста супориданд. Инчунин, беҳтарин дарвозабон, беҳтарин бозингар ва амсоли ин варзишгарон қадрдонӣ карда шуданд.