ҶОНИБДОРИИ СОКИНОНИ ДЕҲАИ "ИТТИҲОД" АЗ СИЁСАТИ САРВАРИ ДАВЛАТ

2022-10-24

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Данғара 36 Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад дар якҷояги бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Каримзода Пирмаҳмад ба деҳаи "Иттиҳод"-и Ҷамоати деҳоти "Лолазор" сафар намуданд.

Дар доираи сафар вакили Маҷлиси намояндагон бо сокинон мулоқоти судманд баргузор намуда, аз муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи тиббию шароити зисти сокинон диданд намуданд. Дар рафти мулоқот сокинон қаноатмандию ҷонибдории худро аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара изҳор намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон таъкид гардид, ки бо заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, баланд гардидани обруву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини зиндагии шоистаи сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, имрӯз мамлакат бо нишондодҳои назаррас ва шоиста пеш меравад.

Расидагии саривақтии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ба мушкили гуногуни мардум дар ин деҳаи дурдаст далели возеҳи гуфтаҳои зикршуда аст.

Бояд ёдовар шуд, ки 8 сентябри соли 2022 Раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин дар доираи таҷлил аз Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба деҳаи "Иттиҳод"-и ҷамоати деҳоти "Лолазор" сафар карда, нахуст ба марҳилаи ба кор даровардани хати барқ ҳусни оғоз бахшид ва ба сохтмони бинои наву замонавии Бунгоҳи тиббӣ асос гузошт. Иншооти мазкур дорои 5 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраи табиби оилавӣ, хатна, доругузаронӣ, момодоя, табибон ва озмоишгоҳ пешбинӣ шудааст.

Бо таъмин шудани деҳа бо барқ раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин 6 адад компютер ба муассисаи 34-деҳа тақдим намуд, ки хонандагон аз ин иқдоми роҳбарият руҳбаланд гардида, ҷавобан ба ин ғамхорӣ таҳсили хубу аълоро ваъда намуданд.

Деҳаи "Иттиҳод"-и ҷамоати деҳоти "Лолазор" дурдасттарин деҳаи нохия маҳсуб ёфта, баъд аз 72 соли таъсисёбӣ бо дастгирии Хукумати Чумхурии Тоҷикистон ва  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва соҳибкорони саховатпеша  бо обу барқ таъмин гардид.

Дар деҳаи дурдасти "Иттиҳод", ки аз маркази ноҳияи Данғара дар масофаи 98 километр дуртар ҷойгир аст, 117 манзили истиқоматӣ бо 735 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.

Имрӯзҳо ҳамаи вакилони Парлумон дар мулоқот бо интихобкунандагон буда, ба гушаи канори мамлакат сафари корӣ анҷом медиҳанд. Дар ин замина, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум аз авлавиятҳои барномаи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон маҳсуб меёбад.

Дар поёни мулоқот Зулфиқор Гулаҳмадзода мужда расонид, ки рӯзҳои наздик хат ва мавҷи шабакаи телефони аз ширкати "Мегафон" мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Сокинон ба суолҳои худ посухи муносиб гирифта, бори дигар изҳор доштанд, ки сиёсати Пешвои муаззами миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба рушди босуботи мамлакат эътимоди қавӣ доранд.

Мулоқотҳои кории вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар идома доранд.