Нақши вакилзанон дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022-10-24

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиши сиёсиву фарҳангии бонувони фаъоли ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти унвони “Нақши вакилзанон дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро доир намуд.

Дар кори ҳамоиш Ашӯрова Дилрабо, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода Зарина Файзулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Мусоева Рафиқа Ғаниевна, вакили Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримова Ашӯрбӣ Одинаевна, муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Қурбонова Руқия Атоевна, раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ, Насриддинова Меҳриниссо, собиқадори меҳнат, Майрам Исоева, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар кори ҳамоиш аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва доираи васеъи рӯзноманигорону хабранигорон иштирок доштанд.

Сараввал, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф. ҳамоишро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҷашни 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Дар суханронии худ Ашӯрова Дилрабо қайд намуданд, ки маҳз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки ба миллати тоҷик фарзанди баруманду хештаншинос, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадя гардад. Табиист, ки ҳар сол баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу ором таҷлил мегардад. Ҳама пешрафту нумўи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракати Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Мусоева Рафиқа Ғаниевна иброз дошт, ки маҳз ҳамин иҷлосияи таърихӣ буд, ки давлати тоза соҳибистиқлоли мо, ки хатари нобудшавӣ дошт бо талошҳои пайвастаи фарзанди баруманди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав барқарор шуд. Дар муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд: “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”

Қурбонова Руқия Атоевна дар маърузаи худ қайд намуд, ки таҷрибаи таърихии сӣ соли баъди Иҷлосия исбот ва собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳама гуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи давлатамонро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз менамояд. Иҷлосия тавонист қарорҳои таърихӣ ва ояндасози давлатамонро қабул намояд. Каримова Ашӯрбӣ Одинаевна иброз доштанд, ки воқеан Истиқлолу озодӣ барои миллати тоҷик арзишмандатарин ва муқаддастарин дастовард ба шумор меравад. Ҳифзу таҳкими он  аз ҳар яки мо масъулият ва худшиносии миллиро  тақозо менамояд. Мо дар сурате ба моҳияти ин арзиши воло мерасем, ки ба гузаштаи начандон дури таърихи ҳастии миллати хеш назар андозем ва мушкилоту ноумедиҳои ниёгонамонро биомӯзем.

Матни муроҷиатномаи ҳамоиши бонувони фаъоли ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сорбон Зарнигор ироа гардид.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бонувони фаъоли ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти унвони “Нақши вакилзанон дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пӯшида эълон гардид.