АЛБОМ ЭСТАФЕТА БА НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ ВОРИД ШУД

2022-10-24

Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ТҶҶ Созандагони Ватандар сатҳи ҷумҳурӣ аксияи Албом - эстафетатаҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллатдоир гардида истодааст.

Тибқи муқаррарот ва ҷадвали тасдиқгардида Албом эстафетааз ноҳияи Восеъ дар ҳайати Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, иштирокчиёни бевоситаи Иҷлосияи XVl Шурои Олӣ Рафиқа Мусоева, Адолат Раҳмонова, раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза ба ноҳияи Ҳамадонӣ ардид.

Меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат, раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидмуминзода Аббосиддин, инчунин, аъзои ТҶҶ ”Созандагони Ватан” истиқбол гирифтанд.

Сипас меҳмонон ва иштирокчиёни аксияи “Албом эстафета” таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” аз назди бинои шуъбаи маорифи ноҳия то макони баргузории чорабиниҳо, ки назди бинои Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов муайян гардида буд, бо парчамҳои милливу ҳизбӣ, шиору овезаҳои тараннумгари истиқлолу ваҳдат ва ватандӯстӣ роҳпаймоии идона намуданд.

Дар бинои Филармонияи мардумӣ бо иштироки меҳмонон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб чорабинии сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид.