Дар ноҳияи Фирдавсӣ озмуни “Иншои беҳтарин” миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид

2022-10-21

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар доираи баргузории аксияи “Албом-Эстафета” таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гимназияи №74 озмуни “Иншои беҳтарин” таҳти унвони “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – поягузори давлатдории навини тоҷикон” миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.

Дар кушодашавии озмуни мазкур Усмонзода Муслим, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок дошт.

Нахуст, М. Усмонзода вобаста ба нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати миллӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Иҷлосияи XVI 

Шӯрои Олӣ бо назардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд.

Ҳамзамон, М. Усмонзода ба иштирокчиёни озмуни “Иншои беҳтарин” барору комёбӣ таманно намуда, қайд намуд, ки мақсад аз баргузор намудани озмуни мазкур баланд бардоштани маҳорати зеҳнӣ ва эҷодии хонандагон ва иҷрои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025 ва таҷлили ҷашни 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар идома, иштирокдорон вобаста ба нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатсозӣ суханронӣ намуданд. Сипас, озмуни “Иншои беҳтарин” таҳти унвони “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – поягузори давлатдории навини тоҷикон” бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.