«Ман ба шумо сулҳ меорам...» даъвати калидии Пешвои муаззами миллат аст

2022-10-21

Сулҳу субот ва ваҳдати комил дар ҳама давру замон аз масъалаҳои ҳаётан муҳимме буданд, ки ҳифзи ҳамешагиаш бо меҳнати софдилона, азму иродаи қавӣ, нангу номуси ватандорӣ, ҳуввияти миллӣ барои ҳар як фарди комилm ҳам фарз асту ҳам қарз.

Вақте ки мо аз ваҳдати миллии бадастомада ҳарф мезанем, бояд аз хотир фаромӯш насозем, ки онро рушду инкишоф додан вазифаи ҷонии ҳар яки мост. Қабл аз ҳама, кӯшиш бояд кард, ки ба ихтилофи миллӣ, ҳизбӣ ва динӣ роҳ надиҳем.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз зумраи воқеаҳаи тақдирсозу фараҳбахши миллат маҳсуб ёфта, мояи ифтихору сарфарозии мост. Мардуми таърихан сулҳдӯсту сулҳпарвари тоҷик дар лаҳзаҳои басо ҳассосу тақдирсоз сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти давлатро ҷонибдорӣ намуда, зиндагии осоиштаю меҳнати софдилонаро аз ҷанг волотар донисту ба истиқболи ҳамдигар оғуши бародарӣ кушоданд.

Дар бунёди сулҳу ваҳдати миллӣ нақши Раиси муазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилон фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.

Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбар нахустсухани хешро аз сулҳ оғоз намуданд: «Халқи азизам, ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин суханони боварибахши Роҳбари давлат дар қалби садҳо нафар мардуми азияткашида ва ташнагони сулҳи деринтизор шуълаи умедро ба ояндаи нек фурӯзон намуд.

Хизматҳои таърихии Роҳбари давлатамон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва Истиқлоли миллӣ пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки бо сиёсати хирадмандонаю одилона давлатро аз вартаи нобудшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ нигоҳ дошта, оташи ҷанги хонумонсӯзи дохилиро хомуш карданд ва гурезагонро ба Ватани аҷдодии хеш баргардониданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди роҳи интихобнамудаи хеш зикр намуданд: «Пеш гирифтани роҳи сулҳу ваҳдати миллӣ барои мо дар он рӯзҳо чандон осону бехатар набуд. Даъвати нахустини мо ба сулҳ ва музокироти сиёсӣ дар ҳамон Иҷлосияи тақдирсоз садо дод, ки мо ҷангу зӯровариро ҳамчун василаи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа рад намуда, роҳи, осоиштаи ҳалли мухолифату низоъи сиёсиро пеш гирифтем».

Шукрона аз он мекунем, ки имрӯз мо тавассути сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари сулҳофару обод зиндагӣ дорем.

Мардуми баномуси диёри Нуробод низ ҳамдилию ҳамбастагиро ҳамеша азизу муқаддас шуморида, Ваҳдати миллиро чун гаҳвараки чашм азиз дониста, ба ҳама муроду мақсадҳои худ комёб мешаванд. Фаъолону пешқадамони ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаю хоҷагиҳо ва тамоми ҷавонони диёр роҳи пешгирифтаи роҳбарияти кишварро хуб дарк намуда, баҳри рушду нумӯи Ватани азизамон тамоми қувваю ғайрат, донишу маҳораташонро дареғ намедоранд. Боварӣ дорем, ки дар муттаҳидӣ мо аз иҷрои ҳама гуна мақсадҳои наҷиб бо сарбаландӣ мебароем.

Тоҷикистон хонаи ҷовидони Ваҳдат, иттиҳоди миллат ва оромию субот асоси пешравиҳост. Мактаби ваҳдату сулҳофарии Сарвари давлатамон таҷрибаи муҳимме дар раванди муросову мадоро маҳсуб меёбад. Таҷрибаи сулҳи мо аз доираи ҷумҳуриамон берун баромада, ба сиёсати хориҷии кишварамон табдил ёфтааст.

Сулҳу субот, ваҳдати мардум дар ҳама давру замон аз масъалаҳои ҳаётан муҳимме мебошанд, ки ҳифзи ҳамешагии он бо меҳнати софдилона, азму иродаи қавӣ, дасту дили пок, ҳадафу ниятҳои нек, нангу номуси ватандорӣ, худогоҳию ҳувияти миллӣ барои ҳар фарди комил фарз асту ҳам қарзи инсонӣ. Ҳар яки моро зарур аст, ки дар таҳкими ин неъмати бебаҳо, ободию осоиштагии Тоҷикистони азиз аз дилу ҷон саҳми арзанда гузорем.

Дар роҳи ҳифзи халқу Ватан, Истиқлол, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ҳар яки моро зарур аст, ки суханони пандомӯзи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем ва сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ дониста, тамоми иродаву матонати хешро ба таълиму тарбтя, соҳибкасбу соҳибмаърифат гардонидани наврасону ҷавонон равона созему ин қишри ҷомеаро хушдор намоем.

М. Ш. Фатҳуллоева,

мудири бахши занон ва ҷавонони

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод