«АЛБОМ-ЭСТАФЕТА» ДАР МУЪМИНОБОД

2022-10-20

Санаи 19 октябр Аксияи ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки Шарифзода Лутфия, раиси ноҳияи Муъминобод, Наврӯз Ҳусейнзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Адолат Раҳмонова ва Рафиқа Мусоева – вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки «Албом-Эстафета» аз шаҳри Кӯлоб ба ноҳияи Муъминобод расид. Чун анъана меҳмононро дар Қасри фарҳанги ноҳия бо суруду тарона ва гулдастаҳо истиқбол намуданд. Маҳсули дасти ҳунармандони ноҳия, дастовардҳои ҷавонону наврасон дар соҳаи варзиш ва китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Сипас, дар толори Қасри фарҳанг бо иштироки меҳмонон ва сокинони ноҳия чорабинии мазкур идома ёфт. Шарифзода Лутфия, раиси ноҳияи Муъминобод қудуми мубораки меҳмононро ба ноҳияи хушманзараи Муъминобод хайрамақдам хонд.

Дар ин ҳамоиш Адолат Раҳмонова ва Рафиқа Мусоева вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба моҳияту аҳамияти ин санаи тақдирсози миллат суханронӣ намуданд.

Амонҷон Муҳиддинов,

"Ҳамрози халқ"