“Албом-Эстафета” дар ноҳияи Восеъ

2022-10-20

20-уми октябр Аксии ҳизбии ҷумҳуриявииАлбом-Эстафетаба истиқболи 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Восеъ расид. Субҳи имрӯз “Албом –Эстафета”-ро раиси ноҳияи Муъминобод Шарифзода Лутфия ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротзода дар вазъияти тантанавӣ ба раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ супориданд.

Дар ҷамъомади идона бахшида ба ҷашни пуршукӯҳи кишварамон меҳмонон, аз ҷумла вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова ва Рафиқа Мусоева, инчунин, дигар фаъолони ноҳия иштирок доштанд. Дар ин рӯз бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдориву сиёсати пеширифтаи роҳабрияти олии кишвар ҳудуди 1000 нафар нафар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар майдони марказии ноҳияи Восеъ ҷамъ омада буданд. Ҳамин тавр, иштирокчиён ҳамчун нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони вафодори Ватан дар назди пайкараи Восеъ гулгузорӣ намуданд.

Баъдан иштирокчиёни “Албом - Эстафета” бо ҷамъи меҳмонону ҷавонони худогоҳи ноҳия аз майдони марказӣ то Қасри фарҳанги ноҳия роҳпаймоӣ намудан. Дар идомаи чорабинии мутантан меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои муассисаҳои таълимӣ ва Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия дидан намуданд. Дар намоишгоҳ ҳамчунин варзишгарони ноҳия дастовардҳои дар замони соҳибистиқлолӣ ноил гардидаашонро пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардониданд.

Баъдан, идомаи чорабинӣ дар толори Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид. Маросими расмиро Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ифтитоҳ намуда, оид ба ташаббуси КИМ ҲХДТ - “Албом-Эстафета” ибрози андеша намуда, зикр намуд, ки ташаббуси ҲХДТ оид ба ташкилу баргузории нақша-чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арҷу эҳтиром ба хизматҳои шоёни роҳбари Олии кишвар ва бархӯрдории бештар аз моҳияти Иҷлосияи тақдирсоз арзёбӣ мегардад. Чаро ки тамоми дастоварду пешравиҳо ва рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз натиҷаҳои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ сарчашма мегирад.

Дар чорабинӣ ҳамчунин сиёсатмадорони маъруфи кишварамон-вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова ва Рафиқа Мусоева баромад намуда, оид ба таърихи пуршарафи бунёдгузории давлати навинамон, нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар бунёди давлати соҳибистиқлол изҳори андеша намуданд. Меҳмонон аз фаъолияти хеш дар арсаи сиёсат ва хизматҳои шоёни фарзандони фарзонаи миллат дар замони соҳибистиқлолӣ ба иштирокдорон, ки аксаран ҷавонон буданд, қиссаҳо намуданд.

Ҳамин тавр, “Албом -Эстафета” баъди ноҳияи Восеъ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ расонида хоҳад шуд.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН,

“Ҳамрози халқ”