ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ МИЁНИ ҶАВОНДУХТАРОН ОҒОЗ ШУД

2022-10-18

Санаи 17-уми октябри соли ҷорӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар асоси Фармоиши муовини якуми Раиси ҲХДТ аз 13-уми сентябри соли 2022, №103 “Дар бораи баргузории аксияиАлбом-Эстафетатаҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллатва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол миёни ҷавондухтарони ноҳияи Фирдавсиро баргузор намуд.

Дар кушодашавии мусобиқаи волейбол Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Ҳомидзода Насимҷон – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Нахӯст, А.Шоҳиён вобаста ба нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати миллӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки “ИҷлосияиXVI Шӯрои Олӣ бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басодушвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд.”

Ҳамзамон, А.Шоҳиён ба иштирокчиёни мусобиқаи футболи хурд барору комёбӣ таманно намуда, қайд намуд, ки мақсад аз баргузор намудани мусобиқаи мазкур ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, иҷрои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025 ва таҷлили сазовори 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар идома Ҳомидзода Насимҷон вобаста ба ҷалби ҷавонуну наврасон ба соҳаи варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки “Иҷлосия дар давраи мураккабтарини авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат: беҳокимиятӣ, сохторҳои фалаҷшудаи идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, поймол шудани Конститутсия, набудани кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла кафолати зиндагӣ ба ҳаёт, маҷбуран тарк кардани манзилу макони зист ва гуреза шудани миллионҳо нафар ҳамватанони мо баргузор гардид”.

Сипас, мусобиқаи волейбол бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.