“АЛБОМ-ЭСТАФЕТА” БА ТЕМУРМАЛИК РАСИД

2022-10-18

Нимаи дуюми рӯзи 17 октябри соли равон “Албом-Эстафета” аз ноҳияи Балҷувон ба ноҳияи овозадори Темурмалик расид.

Икромзода Бобохон муовини раиси ноҳияи Темурмалик ва Раҷабзода Маҳмадсаид раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия "Албом-Эстафета"-ро аз дасти раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Зоирзода Маърифат бо пазироии самимона ва маърифати баланди меҳмоннавозии мардуми тоҷик қабул карданд.

Баъди қабули “Албом-Эстафета” меҳмонон ва сокинон, аз ҷумла ҷавонону наврасон дар маркази ноҳия саф ороста, аз назди Нишони давлатӣ то ба назди бинои Кумитаи иҷроия бо шиору навиштаҷотҳои “Мо Созандагони Ватан ватансозиро аз Пешвои миллат омӯхтаем”, “Пешвои мо-ифтихори мо” роҳпаймоӣ карданд.

Чун аънана дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, меҳмонон дар ин ҷо аз асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маҳсули дастранҷи ҳунармандони чирадасти ин ноҳияи дурдаст шинос шуданд.

Сипас, дар толори Қасри фарҳанг бо иштироки Меҳринисо Файзизода муовини раиси ноҳияи Темурмалик, Ҳусейнзода Наврӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Раҷабзода Маҳмадсаид раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, собиқадорони ҳизбу меҳнат, фаъолон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ҳамоиш доир гардид.

Зимнан ҳамоиши ҳизбиро раиси Кумитаи иҷроия Маҳмадсаид Раҷабзода ҳусни ғоз бахшида, вобаста ба моҳияти баргузории Аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” ва нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи тақдирсози миллат андешаронӣ кард.

Дар идомаи ҳамоиш, инчунин Наврӯз Ҳусейнзода муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, Меҳринисо Раҷабзода муовини раиси ноҳия ва чанде аз фаъолону собиқадорони ҳизб оид ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоҳизаронӣ карда, иброз доштанд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқло¬лияти миллӣ таъин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти таърихӣ буда, барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлолияти мамлакат, Ваҳдати миллӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар фарҷоми ҳамоиши ҳизбӣ як қатор фаъолони ҳизб барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки субҳи 18 октябри соли ҷорӣ тибқи нақша- чорабинии Аксияи ҷумҳуриявии “Албом -эстафета” ба ноҳияи Ховалинг супорида мешавад.