Балҷувон Албом-Эстафетаро қабул намуд

2022-10-17

Имрӯз, дар ноҳияи зебоманзари Балҷувон бо иштироки Сафарзода Бахтиёр- раиси ноҳияи Балҷувон, Фариза Абдуллозода- муовини раиси ноҳияи Данғара, Наврӯз Ҳусейнзода- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Каримзода Пирмаҳмад- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ва Зоирзода Маърифат- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Аксияи ҷумҳуриявии "Албом- Эстафета" таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” сурат гирифт.

Меҳмононро дар фазои гарму самимӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона аҳли фаҳанги ноҳия истиқбол гирифтанд. Сипас, меҳмонону сокинон дар маркази ноҳия дар даст шиору овезаҳо ва парчамҳои ҳизбӣ ҳамчун рамзи осоиштагӣ роҳпаймоӣ ташкил карданд. Зимнан меҳмонон аз Осорхонаи ноҳияи Балҷувон, ки дар он ҷо нигораҳои таърихӣ маҳфузанду бозгӯи рӯзгори чандинасраи мардуми ин мавзеъи куҳандиёр аст, дидан намуда, аз таърихи пурғановати ин ноҳияи дурдаст воқиф гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки пеш аз оғози ҳамоиши ҳизбӣ дар назди даромадгоҳи Осорхона ва Қасри фарҳанги ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, дар намоишгоҳ ҳунарҳои дастии занону бонувон ва дастовардҳои варзишгарон ба маърази тамошо гузошта шуданд. Меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, ба ҳунару маҳорати ҳунармандону варзишгарони ноҳия баҳои баланд дода, барои боз ҳам рушд ёфтани анъанаҳои неки ниёгон ва омӯзонидани касбу ҳунар ба наврасону ҷавонон таъкид карданд.

Инчунин, дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки Сафарзода Бахтиёр- раиси ноҳияи Балҷувон, Ҳусейнзода Наврӯз -муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия- Зоирзода Маърифат бо сокинон ҳамоиш доир гардид, ки дар он масъулин доир ба таърих ва нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ изҳори андеша карданд.