Хизмати ҳарбӣ қарзи фарзандӣ ва рисолати ҷавонмардист

2022-10-17

Дар маҷлисгоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши бонувони фаъоли Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, ки бо ташаббуси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб дар доираи аксияи ҷумҳуриявии Албом – эстафетаи “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ доир шуд, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон, собиқадорони ҳизбиву давлатӣ, бонувони фаъоли соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисодиёт, фарҳанг, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигар соҳаҳои пешбарандаи ҷомеа иштирок намуданд.

Раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб Муродулло Почозода зимни ифтитоҳи ҳамоиш аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба модарону бонувон ва нақши занон дар таҳкими Истиқлолу Ваҳдат ёдоварӣ намуд.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон зимни суханронии худ бо ёдоварӣ аз рӯзҳои вазнини солҳои аввали Истиқлол, аҳаммияти таърихӣ ва тақдирсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва нақши бузургу беназири Пешвои муаззами миллат дар эъмори давлатдории миллӣ таъкид кард, ки дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва хизмати содиқона ба халқу ватан тарбия намудани фарзандон яке аз вазифаҳои асосии бонувон аст.

Дар идомаи ҳамоиш мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб Мунира Ашӯрова, сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳия Муқаддас Ҷумъаева, намояндаи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Мавҷигул Сафарзода, собиқадорони меҳнат Робия Холова, Мавлуда Баҳриддинзода, Манзура Шарифова, Манзура Амонова ва дигар иштирокчиёни ҳамоиш оид мақоми имрӯзаи зан дар ҷомеа, амалишавии барномаҳои давлатӣ вобаста ба дастгирии бонувон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи насли наврас дар  рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону ҷавондухтарон ба варзиш ва зинаи сеюми таҳсил, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ба бонувон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии хушунату зуроварӣ дар оила, паст кардани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳои худро баён намуданд.

Сипас, аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш Муроҷиатномаи занону модарони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ ба ҷавонони синни даъватӣ ва падару модарони онҳо, ки аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Садорат Сафарзода қироат гардид, якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.

Бо тақдими шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба як гурӯҳ аъзои нав ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба иштирокичиён ҳамоиш ба кори худ хотима бахшид.