Истиқболи “Албом-эстафета” дар ноҳияи Мурғоб

2022-10-17

“Албом-эстафета”, таҳти унвони 30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ доир гардида истодааст. Тибқи муқаррарот ва ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, “Албом эстафета” аз ноҳияи Ишкошим ба ноҳияи Мурғоб ворид гардид. Меҳмононро раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мурғоб Жолдошбаев Мухаммедалӣ дар даромадгоҳи ноҳияи Мурғоб пешвоз гирифтанд. Сипас, иштирокчиёни аксия “Албом-эстафета, таҳти унвони 30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат аз даромадгоҳи ноҳия то толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ки бо парчамҳо шиору овезаҳои тараннумгари истиқлолу ватандӯстӣ ороста шуда буд, раҳпаймоӣ намуданд.

Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ ҳамоиши тантанавӣ ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихӣ 30-солагии баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксия “Албом-эстафета, таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур Раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, Раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда оид ба “Нақши Иҷлосияи таърихӣ дар  таҳкими сулҳу суботу кишвар” суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар он лаҳзҳои ҳассос Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон, Сарвари давлат барномаи мушаххас ва мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Бо ташаббуси ин фарзанди фарзонаи миллат як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие дар раванди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ қабул гардид, ки заминаи таҳкими низоми қонунгузориро дар мамлакат гузошт. Эмомалӣ Раҳмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад.

Дар анҷом дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи фарҳангии мутантан бо ташаббуси бахши фарҳангии ноҳия бо сурудҳои ватандӯстона табъи иштирокчиёнро болида намуд.