“30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат”

2022-10-17

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мавриди таҳқиқ ва омӯзиши амиқ қарор додани хидматҳои созанда ва наҷиби роҳбари ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдату сулҳ дар кишвар тасмим гирифтааст, рӯзҳои 20-21 октябри соли 2022 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” баргузор намояд.

Ба конфронс олимону муҳаққиқон, докторантону аспирантон, магистрантон, мутахассисони соҳа метавонанд мақолаҳои илмии худро пешниҳод намоянд.

Мавзуъҳои меҳварии конфренсия

Ба конфронс олимону муҳаққиқон, докторантону аспирантон, магистрантон, мутахассисони соҳа метавонанд мақолаҳои илмии худро пешниҳод намоянд.

Мавзуъҳои меҳварии конфренсия

–Мақом ва нақши Роҳбари ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор ва пойдории ваҳдати милӣ дар Тоҷикистон;

–Барномаи ҲХДТ: "Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!" ва равандҳои татбиқи он

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва аҳамияти таърихиву сиёсии он;

Нақши Иҷлосияи таърихӣ дар бартарф кардани низои дохилӣ;

Рушди устувори иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон;

–Саноат – заминаи асосии рушди иқтисоди миллӣ;

–Рушди энергетика дар давраи соҳибистиқлолӣ;

–Таъмини амнияти озуқаворӣ – омили некуаҳволии шаҳрвандон;

–Омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимии кишвар;

–Ҷавонон қишри фаъоли ҷомеа ва ҳомиёни Ватан;

–Саҳми занону бонувон дар пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа.

Талабот ба мақолаҳои барои чоп пешниҳодшаванда:

–Мақола бояд ба мавзӯи конфронс мувофиқ бошад:

–Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ;

–Мақола набояд қаблан нашр ё барои нашр ба дигар конференсия ва нашёритҳо ирсол гардида бошад;

–Мақола таҳриршуда бошад ва он дар таҳрири муаллиф нашр мегардад. Масъулияти хатогии техникӣ, имлоӣ ва дигар нуқсонҳо дар матн ба зиммаи муаллиф (муаллифон) вогузор карда мешавад;

–Ҳаҷми мақола аз 7 саҳифа зиёд набошад;

–Дар матн иқтибос аз адабиёт дар қавсҳои чоркунҷа нишон дода шавад. Ба таври мисол [4, с.122];

–Иқтибос бояд дар нохунакҳо оварда шавад;

–Матни мақола бояд дар матни MS Word ҳуруфчинӣ (ҳошияҳо аз ҳама тараф 2 см.), ҳуруфи Times New Roman, Times New Roman Tj бо андоза 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5 бошад;

–Рӯйхати адабиёт дар охири матн, баъд аз калимаи «Адабиёт», бо тартиби алифбо омода шавад;

–Мақола на зиёда аз 2 муаллифро дар бар гирад;

–Дар ҳолати риоя нашудани талаботҳо мақола ба барнома ва маводи конференсия ворид карда намешавад.

Нишонии электронӣ барои ирсол кардани мақолаҳо: saidzoda1968@mail.ru мустақиман ба суроғаи кумитаи тадорукот. Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо ба табъ мерасад.

Суроғаи мо: 735700, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯчаи Фирдавсӣ, 118, бинои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд.

Телефони шахси мутасаддӣ барои тамос: +992 927727707.