ОҒОЗИ АКСИЯИ “АЛБОМ – ЭСТАФЕТА” ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

2022-10-17

Санаи 15 октябр Аксияи ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» дар ноҳияи Данғара баргузор гашт ва дар он Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Давлатзода Маҳмадшоҳ – раиси ноҳияи Сангвор, Ширинбекзода Садриддин – намоняда аз Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Абдуллозода Фариза – муовини раиси ноҳияи Данғара, Зулфиқор Гулаҳмадзода – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳиён Нуралӣ Набот – ректори Донишгоҳи давлатии Данғара ва дигар намояндагони расмӣ иштирок доштанд.

Нахуст, меҳмононро дар маркази ноҳия бо як шукӯҳу шаҳомати хосса истиқбол гирифтанд. Абдуллозода Фариза, муовини раиси ноҳияи Данғара меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки бо мақсади таҷлили сазовор аз 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидани чунин чорабиниҳо барои ҳар фарди ватандӯст моя ифтихор аст.

Сипас, меҳмонон ва дигар иштирокчиёни чорабинӣ дар даст шиору овезаҳои ҳизбӣ аз майдони Парчам то назди бинои Осорхонаи мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон роҳпаймоӣ намуданд.

Иштирокдорони чорабинӣ аз Осорхонаи мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуда, аз овони кӯдакии Пешвои миллат то давраи таҳсилу фаъолияташон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқу давлатдорӣ воқиф гардиданд. Инчунин, Давлатзода Маҳмадшоҳ– раиси ноҳияи Сангвор дар идомаи боздид ҳамчун хотира ба наслҳои оянда дар китоби қайди Осорхонаи мактабии Пешвои миллат соядаст гузошт.

Зимнан, дар Қасри Фарҳанги ноҳия бо иштироки меҳмонон, бо мақсади таҷлили 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба заҳматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир гардид.

Дар ин ҳамоиш Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вобаста ба таърихи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки баргузории ин иҷлосия  аз таманддунофар, сулҳдӯст, таҳаммулпазир ва муттаҳид будани халқу миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Дар он Пешвои миллат ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта буданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!». Ин ҳарфи гуфтаи Ҷаноби Олӣ таърихӣ шуд. Маҳз тамоми ваъдаҳои Пешвои миллат дар самти сулҳофарию давлатсозӣ амалӣ шуданд. Кам давлатҳое ҳастанд, ки мисли Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ваҳдатро ба даст оварда бошанд.

Шоҳиён Нуралӣ Набот – ректори Донишгоҳи давлатии Данғара дар ин ҳамоиш аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат ба иштирокчиён ёдоварӣ карда, ироа дошт, ки пешрафти Тоҷикистон зери сиёсати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқоисанашаванда аст. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки бо таъриху фарҳанги пурғановаташ дар ҷаҳон шинохта шудааст. Имрӯз бояд шукрона кунем, ки ҳамаи мову шумо дар фазои сулҳу субот ва осоиштагӣ зиндагӣ мекунем.

Дигар меҳмонони ин ҳамоиш низ дар хусуси нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуда, иштирокдорон, аз ҷумла ҷавононро, ки онҳо ояндаи ин давлату сарзамини тоҷиконанд, барои дӯст доштани Ватан ва арҷ гузоштан ба муқаддасоту арзишҳои волои миллӣ ҳидоят карданд.

Бояд ёдовар шуд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир дорад ва аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ беназир маҳсуб мешавад.

Амонҷон Муҳиддинов,

“Ҳамрози халқ”