Сафи ҲХДТ меафзояд

2022-10-14

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дан ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №10-и ноҳия дар байни хонандагони синфҳои болоӣ вохурӣ доир намуданд. Муҳтавои вохӯрӣ аз масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ иборат буда, инчунин дар байни омӯзгорон самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва хизматҳои шоистаи Президенти мамлакат баҳри осоиштагии халқи ватани маҳбубамон, ибрози андеша карда шуд.

Зикр гардид, ки ҲХДТ масъалаи рушди омили инсонӣ, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуда, таҳияи барномаҳои махсуси давлатиро ба хотири пешрафт ва бедории андешаҳои нави созанда, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии арур мешуморад.

Аз фурсат истифода намуда якчанд омӯзгорони ҷавоне, ки ҷиҳати шомилшавӣ ба сафи ҳизб ариза пешниҳод намуданд, бо избӣ сарфароз гардонида шуданд.