Конференсияи илмӣ- назариявӣ дар мавзӯи “Нақши китоби “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров

2022-10-14

Дар доираи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ- назариявӣ дар мавзӯи “Нақши китоби “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров дар худшиносии миллӣ” баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур коршиносони соҳа, олимону донишмандон, кормандони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, аъзои кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои намояндагии фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар кори конференсия олимону коршиносони соҳа, Муллоҷонов Сайфулло, доктори илмҳои таърих, профессор, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадов Иброҳим, устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарипов Ҷамолиддин, номзади илмҳои таърих, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ширин Қурбонова номзади илмҳои таърих, раиси собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баромад намуданд.

Бояд қайд намуд, ки китоби “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров аввалин асари илмие мебошад, ки дар шинохти миллати тоҷик дар фарози асрҳои II – III и пеш аз милодро дар бар гирифта муаллиф бо заҳмати чандинсолаи худ миллати тамаддунсози тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

Китоби академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” дар садаи гузашта ҳамчун китоби “Намунаи адабиёти халқи тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ барои нигоҳ доштани асолати миллии халқи тоҷик ва шиносонидани тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муассир дорад.

Имрӯз асари мазкур бояд китоби рӯимизии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ қарор гирад, зеро дар он бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ сокинони бумии ин сарзамин будани тоҷикон ва нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни башар собит шудааст.

Дар охир қайд гардид, ки иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тақдими китоби “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оилаи мамлакат тӯҳфаи беназирест, ки барои ҳар фарди Тоҷикистон сарчашмаи муҳимми худомӯзӣ мебошад ва ҳар хонанда метавонад аз он баҳра бардошта, баҳри сохтани ояндаи хеш аз таърихи ғании гузаштагон истифода барад.