Муқоисакунии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор

2022-10-13

Дар асоси дастури муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор зимни баргузории Конференсияи ХХ ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати аъзои ҳизб Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор маъракаи муқоисакунии аъзои ҳизбро оғоз намуд.

Иқдоми мазкур бо иштироки роҳбарияти ташкилотҳои ибтидоии "Молия, "Омӯзгорон" ва "Башардӯст" гузаронида шуд.

Иттилоъ медиҳем, ки маъракаи муқоисакунии аъзои ҳизб зери назорати ҷиддии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Ҳисор қарор дошта, бо иштироки роҳбарияти ташкилотҳои ибтидоӣ ҳамарӯза тибқи ҷадвали тасдиқгардида, гузаронида мешавад, ки барои назорати доимии ҳаркати аъзои ҳизб мусоидат менамояд.

Дар ин маърака маълумоти саҳеҳи аъзои ҳизб – ивази ному насаб, мукофотҳо, ҷойи кор ва макони зист дар давраи муқоисакунӣ муайян карда шуда, дар махзани ягонаи электронии узви ҳизб ислоҳ карда мешавад.

Тибқи талаботи Оиннома ҲХДТ, дар  фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.