Аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” дар ноҳияи Ишкошим

2022-10-12

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” зери шиори "30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат" дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардида истодааст.

Албоми мазкур аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров ба раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мўсо Одинамуҳаммад супорида шуд.

Меҳмононро дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим бо қироати порчаҳои шеърӣ ва созу мусиқӣ истиқбол намуданд. Ҳамчунин, меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши китоб боздид ба амал оварданд.

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, дар рафти ҷамъомад раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мўсо Одинамуҳаммад, раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова, намояндаи ҷавонони ноҳия Иззатшоев Увайдо ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Муллоева Гулшан суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки имрӯз фарзанди шарифу меҳанпарвари тоҷик, Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди Ватан ва таърих бо сарбаландӣ ба ҷо оварда, сулҳу суботи устувор ва заминаҳои мусоидро барои рушди миллат таъмин намудааст. Замона бо гузашти вақт ба талошу муборизаҳои бешумори Роҳбари давлат баҳои дуруст до два собит гардид, ки интихоби Сарвари давлатамон дар ин Иҷлосия саривақтӣ ва таърихан дуруст мебошад. Ҳамаи ин комёбиҳо нақши  ар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ҷовидона мегардонанд.

Барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ як қатор аъзои фаъоли ҳизб бо ифтихорномаи Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ишкошим қадрдонӣ гардиданд.