Мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол баргузор гардид

2022-10-12

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиши намуди волейбол, мустаҳкам намудани дӯстии байни ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ ва қонунвайронкуни байни ҷавонону наврасон, инчунин, бахшида ба 30-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии Литсей касбии техникӣ”-и ноҳияи Восеъ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол доир гарди қайд намоем, ки мусобиқа мобайни 14 даста баргузор гардида, аз онҳо ду даста, дастаи Ҷавонони ЛКТва дастаи ТҶҶ Созандагони Ватанто даври ниҳоӣ қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷаи мусобиқа дастаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо нишон додани маҳорату истеъдод ва гирифтани холи баланд ғолиби мусобиқа гардида, Ҷоми мусобиқаро соҳиб шуд.

Зимни супоридани Ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ Ибодов Диловар, мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ғолибонро табрик намуда, қайд кард, ки варзиш дар ҳама давру замонҳо барои тандурустӣ, чолокиву далерӣ ва ҷасурии инсон омили асосӣ маҳсуб ёфта, дар ташаккули шахсият ҷисман ва рӯҳан аҳамияти муҳим дорад. Бинобар ин сабаб аз ҷавонон даъват ба амал оварда мешавад, ки пайваста бо варзиш машғул шуда, наздикони худро низ барои машғул шудан ба варзиш талқин намоянд ва бо ин васила дар солим нигоҳ доштани худ ва атрофиён саҳми худро гузоранд.