Рӯзи фалак муборак

2022-10-10

Санаи 10 октябри соли ҷорӣ дар Касри фарҳанги ноҳияи Фархор бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад, муовини раиси ноҳияи Раҳматуллозода Дилбар ва мудирони бахшу шаъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор чарабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи фалак баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Вализода Муҳаммад иброз доштанд, ки 10 октябр ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад. Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад. Имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшанд.

Дар ин радиф Шашмақом ва Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классикии халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ба ёдгор мондаанд.

Рушду пешрафти фарҳанги миллӣ ва муаррифӣ намудани он ба ҷаҳониён, яке аз паҳлуҳои муҳимми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Барои нигоҳдошт ва ҳифзу инкишофи дастовардҳои фарҳангии хеш дар миқёси умумибашарӣ мардуми тоҷик низ саҳми беандоза гузоштааст. Маҳз заҳматҳои фарзандони фарзонаи миллат буд, ки тавонистанд мероси фарҳангиву таърихии халқи хешро, новобаста аз чолишҳои замона ҳифзу нигаҳдорӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1989 дар шаҳри Кӯлоб таҳти сарварии Давлатманди Холов ансамбли «Фалак» таъсис ёфт. 16 ноябри соли 2001 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд, ки ҳоло он дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият дорад. Аз соли 2007 инҷониб 10 октябр ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад.