Дар шаҳри Ҳисор ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи дӯстонаи байнишаҳрӣ доир карда шуд

2022-10-10

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармоиши Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09.2022, №115 ва банди 22 Нақшаи чорабиниҳои ҲХДТ “Дар бораи сазовор таҷлили намудани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Айкидои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9-уми октябр дар толори варзишии шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор мусобиқаи дӯстонаи байнишаҳрӣ оид ба қоидаҳои “Иригумиго” баргузор карда шуд.

Дар мусобиқа тибқи дархостҳо ҷавонону наврасони шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз синни 8 то 16 сола аз рӯи вазнҳои 25-65 кг баромад намуда, маҳорати худро нишон доданд.

Аз рӯи маълумоти раиси Федератсияи Айкидои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Шарипов ва мураббии калон Мусаммир Гадоев дар клуби шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор айни замон 75 нафар ҷавонону наврасони синну солашон гуногун ба тамрин фаро гирифта шудаанд. Ба як нафар дастпарвари клуб Шарипов Абдулмуъмин барои нишондодҳои назаррас ва маҳорати хуб аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шаҳодатномаи устоди варзиш супорида шуд.

Дар рафти баргузории чорабинии варзишӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Салоҳиддин Абдуллоев ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Ситора Бобоёрова  иштирок ва суханронӣ намуда, меҳмононро хайрамақдам намуда, варзишгарони ҷавону наврас, устодон ва падару модаронро ба муносибати 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбуб табрику таҳният гуфтанд ва ба устодону ғолибони мусобиқа Ифтихорнома, Сипоснома ва Дипломҳои Кумитаи иҷроияро тақдим намуданд.