Рейтинги ҳизбӣ-омили пешрафт

2022-10-10

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар чун ниҳоди сиёсӣ, мафкуравӣ ва пешгоми ҳаёти ҷамъиятии маркази вилояти Хатлон дар роҳи рушд қадами устувор мегузорад. Фаъолияти хешро дар асоси пешниҳоду ташаббусҳои Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, тавсияву дархостҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ ба роҳ монда, аз ғояҳои замонавии пешбурди кор истифода мебарад.

Зеро ҲХДТ ҳамқадам бо замон инкишоф ёфта, мавқеи хешро дар сатҳи баланд ва тибқи талаботи замон нигоҳ медорад. Аз ин нуқтаи назар ҳар як навгоние, ки дар пешбурди кори ҳизбӣ рӯйи кор меояд аз ҷониби ҳизбиёни шаҳр дар таҷриба санҷида мешавад ва дар фаъолияти ҳаррӯза ҷорӣ мегардад.

Аз моҳи апрели соли 2020 инҷониб дар КИ ҲХДТ дар вилоят рейтинги ҳизбӣ ба хотири мустаҳкам кардани муносибатҳои дохилиҳизбӣ, баланд бардоштани самараи кор ва масъулияти ҳар як корманди ҳизб ҷорӣ гардида, чун шакли нави бархурди баҳодиҳӣ ба кори ҳизбӣ афзалияти худро нишон дода, тавонист ва аз тарафи ҳизбиёни шаҳр чун усули замонавӣ пазируфта шуд.

Ин тарзи кор кормандро ба омӯзиши зарфиятҳои кор истифодаи имконияту воситаҳои пешбурди фаъолияти ҳизбӣ водор месозад. Ӯро чун шахсият ва корманди риштаи мафкуравӣ комилтар мекунад. Ба ҳамин хотир кор гирифтан аз технологияи замонавии пешрафта, ба такмили дониши корманд, баланд шудани сифати иҷрои уҳдадориҳо, такмили шавқу рағбат ба касб, ҳаракат ва ташаббускорӣ барои пешсафӣ мусоидат мекунад.

Ин талаботро ба ҳисоб гирифта, дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар асоси таҷрибаи КИ вилоятӣ ба фаъолияти кормандон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, кори хуби кормандонро қадрдонӣ карда, андешаи кормандони фаъолро ба инобат гирифта, масъулиятнокии кормандонро дар доираи салоҳияташ афзуда, барои пешрафти ҳизбӣ шароити хуб маҳайё намудааст. Дар натиҷаи рақобати солим барои иҷрои босифати кор дар байни кормандон ба вуҷуд омад. Маълумамон гардид, ки рейтингӣ ҳизбӣ барнома ва механизми низоми идоракуние мебошад, ки ба таҳкими низоми кор дар ташкилотҳои ҳизбӣ мусоидат мекунад.

Рейтинги ҳизбӣ усули коре мебошад, ки кормандро водор мекунад, ки тарзи нави корро бар усулҳои анъанавӣ ва шахшудаи корбарӣ афзалият диҳад ва кори дохилиҳизбӣ дар сатҳу сифати баланд сомон дода шавад.

Рейтинги ҳизбӣ ба ҳизбиёни шаҳр имкон фароҳам овард, ки нахуст моҳияти ин усулро ба ҳамаи кормандон фаҳмонида, иҷрои корро ба сатҳи зарурӣ баланд бардоранд. Рейтинги ҳизбӣ ва моҳияти онро батадриҷ ҳамаи кормандон дарк карда, дар муддати начандон тӯлонии фаъолият самараи кор хуб шудан гирифт ва ҳадафи КИ ҲХДТ дар вилоят ҳам ҳамин буд, ки қабл аз ҳама ин усул дар зеҳни ҳизбиён ҷой бигирад. Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар ҳамкории зич бо Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ба ин кор муввафақ шуд.

Пеш аз ҳама дар Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ҳаракати аъзои ҳизбро дуруст кардем. Баъд аз ин ба қабули босифати узви ҳизб шуруъ намудем. Дар ин раванд ҳайати сифатии узви ҳизб дар шаҳри Бохтар беҳтар гардид ва онҳое дар сафи ҳизб монданд, ки ба кори ҳизб содиқ мебошанд.

Қабули аъзои ҳизбро аз ҳисоби фаъолон, занон, ва эҷодкорону соҳибкорон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондем.

Пайдарҳамиро дар иҷрои кор ва татбиқи рейтигӣ ҳизбӣ риоя намуда, ба дуруст кардани низоми молиявӣ аҳамияти ҷиддӣ додем. Натиҷа ин шуд, ки ҳолати молиявии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр беҳтар шуда, барои беҳтар кардани шароити кории кормандон, таъминоти техникии идора, баланд бардоштани музди меҳнат, ҳавасмадкунии кормандон, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангии ҳизбӣ шароити мусоид фароҳам омад. Ҳамчунин, тавонистем қарзҳои идораро зина ба зина пурра пардохт намуда, ба як қатор ташкилотҳои ҳизбии ноҳияҳои вилоят ба қадри имкон ёрии молиявӣ расонем.

Дар ин замина дар ташкилоти ибтидоӣ коргузорӣ беҳтар шуда, қариб ними ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии корхонаву муассисаҳоро бо ҳуҷраи корӣ таъмин кардем.

Дар масъалаи дасгирии ташаббусҳои ҳизбӣ бо кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр якҷоя фаъолият бурда, дар ободониву созандагии қаламрави шаҳр ҳисса гузоштем ва ба ин васила нуфузи ҳизб дар миқёси шаҳру вилоят баланд гардид.

Кормандони Кумитаи иљроияи ҳизбии шаҳр дар интишори маводи зарурӣ ва ба мардум фаҳмонидани мақсаду мароми ҳизб ҳамарӯза таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ғояҳои ҳизб, манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ҷабҳаи мафкуравӣ ҳимоят менамоянд. Ривоҷи хоҷагиҳои ёрирасон ба хотири таҳкими ҳолати молиявии ҳизб дар ҳудуди вилоят аз ҷониби ҳизбиёни шаҳр дастгири ёфта, дар самти такмили маҳорати идоракунӣ корҳои мушаххас анҷом пазируфтанд. Обуна ба нашрияҳои ҳизбии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, ки минбари асосии ҳизбиён ба ҳисоб мераванд, дар фаъолияти мо нақши муҳим дониста, ҳар сол барзиёд иҷро мекунем. Имсол ҳам ин маъракаи муҳим бо маром идома дорад.

Хулоса, рейтинги ҳизбӣ аз ҷониби Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Қ. Миралиён дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст.

Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ низ баъди таҳлилу хулосабарориҳо ва мушоҳидаи пешравиҳо дар фаъолияти ҳизбиёни вилоят бо фармоиши Муовини якуми Раиси ҲХДТ, Азизӣ А.А. рейтинги ҳизбӣ дар ташкилотҳои ҳизбии саросари мамлакат татбиқ карда шуд.

Ин далел имкон медиҳад, ки пешниҳоди Раиси муаззами ҲХДТ оид ба бознигарӣ ва таҷдиди кор бо татбиқи идеяҳои нави замонавӣ дар фаъолияти ҳизбӣ амалӣ гардида, мавқеи ҲХДТ боз ҳам устувортар гардад

Иброҳимзода Н., Раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар шаҳри Бохтар